Ҳоҷӣ Иброҳим: Абдурозиқро боре ҳам надидаам

Ҳоҷӣ Иброҳим дар олами шоу-бизнеси тоҷик баъд аз Абдурозиқ дувумин блогери хурдҷусса ба шумор меравад, ки дар як муддати кӯтоҳ бо шарофати дастгирии чанд блогери муваффақ шинохта гардидааст. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ гоҳе ӯро дар меҳмонии Бураки овозадори турк мебинему гоҳи дигар дар ҳузури блогер ва тоҷири озарӣ Гусен Гасанов. Шумораи мухлисони ин навраси 14-сола рӯз ба рӯз зиёд мегардаду нафарони зиёде мехоҳанд аз зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳоҷӣ Иброҳим маълумот ба даст оранд.

— Бо чӣ корҳо машғуледу саломатиатон чӣ хел аст?

— Саломатиам хуб аст. Айни ҳол дар Ҳиҷома бо акаи Мансур банди кор ҳастам.

— Сурудхонӣ намекунед? Агар не, чаро?

— Не, ҳоло суруд намехонам.

— Дар суроғаи инстаграматон сароянда навишта шудааст. Чаро сурудхонӣ намекунед?

— Бас кардам, ҳамагӣ як суруд сароидаму бо ҳамин дигар нуқта гузоштам.

— Аксари мухлисонатон медонанд, ки номи аслии шумо Муҳаммад аст, вале шумо Иброҳим мегӯянд. Кӣ ин номро ба шумо гузошт?

— Ин тахаллуси ман аст. Аввалин бор номи саҳифаамро чунин гузоштам ва ҳамин тавр, номам иваз шуд ва ҳамаи дӯстону шиносон маро бо ин ном мешиносанд.

— Шумо аз кадом минтақаи кишвар ҳастед ва волидонатон чикора ҳастанд?

— Аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳастам, падарам сохтмончӣ ва модарам хонашин аст.

— Дар оила чанд нафар фарзанди падар ҳастед?

— Чор додару хоҳар дорам. Ман, додари калониам синфи чор, дигараш синфи якум ва кенҷагӣ ҳоло хурд аст.

— Худатон дар синфи чанд мехонед?

— Дар синфи 7-и мактаби 72-и шаҳри Душанбе  таҳсил мекунам.

— Дарсҳо бароятон мушкил нест?

— Не, мушкилӣ надорам.

— Муносибат бо ҳамсабақон чӣ гуна аст?

— Хуб аст.

— Бо ин қадар корҳое, ки дар саҳифаи инстаграматон анҷом медиҳед, кай вақт меёбед?

— Баъд аз дарс ҳамаи корамро анҷом медиҳам, аввал дарс ва баъд корҳои дигар. 

— Кадом фанро дӯст медоред?

— Зоологияро.

— Чаро маҳз зоология?

— Дар бораи ҳайвонҳо бисёр чизҳоро меомӯзонад. Барои ҳамин бештар ин фанро дӯст медорам. Дар баробари ин, фанни математикаро низ меписандам.

— Вақте калон шавед, кӣ мешавед?

— Ҳоло интихоб накардаам, чунки хурд ҳастам.

— Ба аёдати падару модар чанд вақт пас меравед?

— Дер меравам, дар як моҳ ду маротиба.

— Гуфтед, ки падаратон сохтмончӣ аст. Дар куҷо кор мекунад?

— Дар худи ноҳияи Ҳамадонӣ.

— Чӣ тавр якбора блогер шудед, нақшаи блогер шудан аз куҷо оғоз шуд?

— Идеали ман Бурак буд ва маҳз ба хотири мухлиси ӯ будан, блогер шудам.

— Ба кадом кишварҳои ҷаҳон сафар кардаед?

— Дар Дубай, Туркия, Сербия ва Ӯзбекистон будам.

— Ба зиёрати Хонаи Худо ҳам рафта будед?

— Бале, рафта будам.

— Чӣ гуна буд ва чанд рӯз онҷо мондед?

— Пеш аз соли нави мелодӣ сафари Хонаи Худо доштам ва 15 рӯз дар онҷо мондам. Дар ин муддат ҷойҳои муқаддасро ҳам зиёрат кардаму ҳам тамошо намудам.

— Шумо бо бисёр чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ робитаи дӯстӣ доред. Ҳамин робитаро чӣ гуна оғоз мекунед, аввал шумо пешниҳод менамоед ё онҳо?

— Масалан, ман назди Бурак (ошпаз ва блогери шинохтаи турк) худам рафтам, хуб қабул кард. Бо Гусейн Гасанов бошад, вақте ба Тоҷикистон омад, мисли дигар мухлисонаш рафтам, ба ман телефон туҳфа кард.

— Вақте шумо аввалин бор ба саҳнаи шоу бизнес ворид шудед, аксарият шуморо додари Абдурозиқ гуфтанд, вале баъдан онро рад кардед. Оё воқеан ҳам шумо ӯро намешиносед?

— Ҳарчанд дар борааш шунида бошам ҳам, аммо ӯро намешиносам ва мо боре ҳам вонахӯрдаем.

— Чунин шуда буд, ки Мансур Неъматов дар як суҳбаташ қайд кард, ки вақте шумо дар Дубай будеду Абдурозиқро ба наздатон даъват кардед, ӯ наомад. Оё воқеан ҳам чунин буд?

— Бале, мо ба Абдурозиқ навиштем, ки мехоҳем ҳамроҳаш вохӯрем. Дар ҷавоб навишт, ки рӯзи якшанбе вомехӯрем. Ҳамин тавр, се якшанбе гузашту ӯ наомад ва мо ба Тоҷикистон баргаштем.

— Сабаби наомаданашро напурсидед?

— Пурсидем, гуфт корам беҳад зиёд аст, барои ҳамин натавонистам, ки назди шумо биёям.

— Кадом навъи варзишро дӯст медоред?

— Футболро.

— Худатон ҳам бозӣ мекунед?

— Бале, ҳамроҳи додарону ҳамсинфонам.

— Дар кадом мавқеъ дар футбол меистед?

— Дарвозабон.

— Суруд хонданӣ нестед?

— Не, дигар намехонам ва нақша ҳам надорам.

— Шумо бо Йигит ҳам сурат доштед. Вохӯрии шумо чӣ гуна гузашт, тасодуфӣ буд ё нақшавӣ?

— Мо ба назди ӯ ба тарабхонае, ки онҷо қарор дошт, барои дидорбинӣ рафтем.

— Ӯ ба Тоҷикистон омада буд, дар бораи кишвари мо чӣ гуфт?

— Бисёр чизҳоро ёдовар шуд, аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон хеле кишвари сарсабз аст ва мардуми бисёр меҳмоннавоз дорад.

— Наздиктарин нақшаҳои шумо чӣ аст?

— Дар мусобиқаи футбол иштирок кардан аст. Ба наздикӣ ба Туркия барои дидорбинии Пулат Алендар, қаҳрамони асосии филми бисёрсериягии туркии “Водии гургон” рафтанӣ ҳастам.

Омодасоз: БЕНАЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *