Ҳодисаҳои нақлиётӣ: Ҳалокати ду мусофир дар як рӯз

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати ду мусофир дар пайи ҳодисаҳои нақлиётӣ дар рӯзҳои охир хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 1-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Мухторов Сайдаҳтам Абдулазизович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор дар 140-ум километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма” аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти ҳаракати муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Қабулов Эраҷ Ҷорубович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Данғара, ки дар канори чапи роҳи мошингард таваққуф карда буд, бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоев Рамазон Бобовалиевич, соли таваллудаш 1989 ва Амирхоҷаев Шавқат Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

Мусофир Бобоев Р. Б. баъди 3 соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, 1-уми октябри соли 2023, тахминан соати 13:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-350” Мирзохӯҷаев Олимҷон Миримшоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷати ронандагӣ аз самти “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Ворисов Балаҷон Алимҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрда, сипас автомашинаи мазкур ба канори чапи роҳ баромада, ба воситаи нақлиёти дар канори роҳ истодаи тамғаи “Мерседес-Бенс-5151СDI”, таҳти идораи ронанда Маҳмадаминов Муртазо Маҳмадмусоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс-350” Мирзохӯҷаев М., ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Ворисов Б. ва мусофирони автомашинаи “Мерседес-Бенс” Қосимов Худойбердӣ Шораҳматович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд ва мусофири дигари автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Эшонова Зебунисо Абдулҳамидовна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *