Ҳомида Мирзоқодирова -ғолиби озмун
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ даври шаҳрии фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Аз миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинаи “Намоиши либоси рўзмарра” Ҳомида Мирзоқодирова, хонандаи МТУ№27-и шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро ба даст овард.
Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ