Ҳушдор! Дар Тоҷикистон барфу борони сахт меборад
13 марти соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид пешгӯӣ шудааст. Дар бархе манотиқи куҳии Тоҷикистон борони сахт ба барф мубаддал хоҳад шуд.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдоман ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа поёнтар хоҳад рафт.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар такя ба маълумоти ҳавошиносон, 12 то 14 март дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва тобеи марказ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ хатари тармафароӣ ва резиши санг вуҷуд дорад.
Рӯзҳои 12-13 март дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдомани вилояти Хатлон омадани сел пешбинӣ карда мешавад.
Рӯзҳои 13-14 март ба далели боришот дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баланд шудани сатҳи об пешбинӣ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ