Ҳушдор! Ду рӯз борони сахт меборад
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 29-30 март дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони шадид меборад.
Рӯзҳои 29-30 марти соли 2024 бар асари боришот эҳтимоли боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизису (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои кӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон эҳтимол сел ояд.
Бо мақсади ҳимояи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз паёмадҳои сел Кумита ба сокинон муроҷиат мекунад, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди манзилҳои худро аз зар гуна сангу хасу хошок тоза кунанд.
Дар ҳамин иртибот кумита ба сокинони ин ноҳияҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ