Ҳушдори «IRS»: Дар роҳи Душанбе-Чанок тармафароӣ зиёд аст
Дар роҳи Душанбе –Хуҷанд барфу борон пуришиддат мебораду тармафароӣ зиёд аст.
Маркази матбуоти Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон хабар дод, ки аз 19 феврал инҷониб дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бориши барфу борон пуршиддату давомдор буда, дар ин замина тармафароӣ зиёд аст. “Дирӯз кормандони “IRS” шаш тармаи хурду бузургро бартараф намуданд. Чун ҳарвақта кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 89 тонна ангишт, қариб 300 000 литр сӯзишворӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд. “Маҳз бо ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарўзии кормандони ширкат бо вуҷуди бориши шадиди барфу борон ва тармафароӣ роҳи мазкур умуман баста нест”,-расман хабар додааст манбаъ.
Роҳбарони ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонанд, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ