Ҳушдори КҲФ. Боз ду рӯз борони пуршиддат меборад

Рӯзҳои 4-5 май дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ борони шадид меборад.

Дар ин бора  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар як қатор ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ, шиддат гирифтани шамол бо суръати 15-20 м/с вуҷуд дорад.

“Рӯзи 3 май дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 4-5 май дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани селҳо дар назар дошта шудааст”, — иттилоъ медиҳад кумита.

Рӯзҳои 4-5 май бар асари боронҳои пуршиддат баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар қаламрави кишвар худдорӣ намоянд. Ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбурӯғҳо, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, шикор, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ ба соҳили обҳо нараванд.

Барои пешгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳои шишаи сиёҳ доранд, даъват мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд карда, ҳамаи қоидаҳои ҳаракати дар роҳ, бахусус суръати ҳаракат риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *