Ҳушдори КҲФ: То 15 август хатари омадани сел боқӣ мемонад
Рӯзҳои 13-15 августи соли 2024 дар ҳудуди як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ғарби ВМКБ аз сабаби болоравии гармии ҳаво хатари омадани сел бар асри об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошинось хабар додааст.
— Ғайр аз ин, дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу теппаҳо ва ярч вуҷуд дорад. Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили рӯдхонаҳо ва ё ҳангоми кӯҳгардӣ эҳтиёткор бошанд,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки аз қабл ҷӯю каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳову бодовардаҳо тоза кунанд, то дар сурати омадани оби зиёд маҷрои он дигар нашавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ