Ҳушдори КҲФ: То 3-юми июл гармои шадид дар назар аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат хабар дод, ки то 3-юми июл ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ гарму бебориш боқӣ мемонад.
— Дар баъзе ноҳияҳои куҳии тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар куҳҳо ва омадани селҳо вуҷуд дорад. Ҳамзамон, ин ҳолат метавонад ба баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад. Дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе ва водиҳо ба 37 + 43 дараҷа хоҳад расид, дар куҳҳо ва ғарби ВМКБ +31 + 36 дараҷаро ташкил хоҳад дод,- меафзояд манбаъ.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки хеле эҳтиёткор, бахусус ҳангоми аз роҳҳои куҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷуҳ бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ