Ҳушдори Карриева, намояндаи СҶТ аз мавҷи дуюми паҳншавии коронавирус

Бахтигул Карриева, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз сабук гардидани маҳдудиятҳо, ки қаблан ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, изҳори нигаронӣ кард.

«Бисёре аз мардум дар хона нишастан хаста шуданд ва аксар кишварҳо ба таври возеҳ мекӯшанд, ки иқтисодиётро кушоянд. Аммо вирус ҳанӯз ҳам паҳн шуда истодааст ва он то ҳол марговар аст.  Бештари мардум ҳанӯз ҳам зери хатар қарор доранд», — гуфтааст номбурда дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба таъкиди Бахтигул Карриева, то замоне ки  олимон аз пайи ихтироъ кардани ваксин алайҳи ин маризӣ қарор доранд, одамон бояд худ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то андозае пеши роҳи ин бемориро бигиранд.

Намояндаи СҶТ гуфт, роҳи ягонае, ки алъон дар мубориза бо коронавирус маҷвуд аст, ин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва тамиз будани ҳолати санитарии одамон мебошад.

Ба изҳори ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ авохири моҳи май ва аввали моҳи июн ба авҷи қуллаи баландтарини ин маризӣ расиданд. Барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин маризӣ маҳдудиятҳо, аз қабили баста намудани роҳҳои автомобилгард байни шаҳру навоҳӣ, муттаваққиф намудани фаъолияти мактабу корхонаҳо, манъи баргузории тӯй ва чорабиниҳои фароғатӣ, ҷорӣ гардида буд. Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъ ин маҳдудиятҳо то андозае сабук шуданд, гарчанде вирус комилан аз байн нарафт ва хатари он то ҳол мавҷуд аст.

Бахтигул Карриева мегӯяд, ки то ҳол табобати мушаххас аз маризии коронавирус мавҷуд нест. Аммо  рӯйхати як қатор доруҳо вуҷуд доранд, ки ҳангоми табобат васеъ истифода бурда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *