Ҳушдори мақомот: Дар Тоҷикистон борону жолаи сахт меборад

Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон  мегӯяд, то 5 майи соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар шакли борону жоларезиҳои шадид ва раъду барқ боқӣ хоҳад монд.

Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Тоҷикистон  шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ намудааст, дар сафар тариқи роҳҳои куҳӣ эҳтиёт намоянд.

Махсусан,  4 май дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон вазиши шамол бо шиддати то 12-17 м/с дар назар аст.

«Дар роҳҳи кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел, тарма ва сангрезиҳо пешгӯӣ мешаванд. 2-3 майи соли 2020 болоравии якбораи сатҳи оби дарёҳое, ки аз доманаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва Вахш сарчашма мегиранд, ҳамчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (Айнӣ) тахмин мешавад», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо исрор аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд, Ҳамчунин, ҳавои тағйирёбанда чарондан ва нигоҳубини чорворо дар чарогоҳҳо мушкил мекунад.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард, хусусан ҳангоми истифода аз роҳу ағбаҳои кӯҳӣ, КҲФ аз ронандагоне, ки воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша доранд, исроркорона хоҳиш менамояд, ки ҳаракати худро шабона маҳдуд созанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хоса реҷаи суръати таъингаштаро риоя кунанд.

ҲамчунинКҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дар наздикии ҳавзу дарёҳо қарор доштан ва ба моҳигирӣ машғул шуданро тавсия намедиҳад.

Кумита ба ашхосе, ки ба бемориҳои дилу рагҳо гирифторанд, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои таъиншударо дошта бошанд.

Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг занед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *