Ҷанги Тоҷикистон дар филми коргардони Қазоқистон

Чанде пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон филми ҳунарии «Қазбат» ба навор гирифта шуд, ки дар он аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад. Филми мазкур аллакай дар кинотеатрҳои Қазоқистон ба намоиш гузошта шудааст.

Коргардони филм Аскар Узабоев буда, он дар дар бораи аскарони баталиони ҳомии сулҳи Қазоқистон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар марзи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Афғонистон хидмат мекард, қисса мекунад.  

Ротаи 7-уми баталиони ҳомии сулҳи Қазоқистон, ки бо номи Қазбат маъруф аст, рӯзи 7 апрели соли 1995 бо неруҳои Иттиҳоди мухолифин дар дараи Пшихарв вориди набард шуд. Дар он набард 17 нафар аз сарбозони қазоқ кушта шуда, 33 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Филми «Қазбат» асосан дар бораи ҳамин набарди фоҷиавии Пшихарв қисса мекунад.

«Қазбат” дар киносттудияи «АЮ Синема” бо пуштибонии молиявии Вазорати дохила ва Горди миллии Қазоқистон ба навор гирифта шудааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм Даурен Сергазин, Ринат Дошибеков, Халык Рахат, Дияс Мырзахмет, Шарифбек Закиров ва Индира Шынболаткызы иҷро кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *