Бобочонов

Ҷӯрабой Бобоҷонов ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон- 2022» гардид

Ҷӯрабой Бобоҷонов, омӯзгори фанни физикаи литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон- 2022» ғолибият ба даст овард.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон27-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистондаври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.

Дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ карда, ғолиби даври ниҳоиро эълон намуданд.Ҳамин тариқ, Бобоҷонов Ҷурабой — омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд омӯзгори соли Тоҷикистон-2022 эълон гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун: Идиева Азизамоҳ, Оддиева Фарангез бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Мамадгаминова Гулнамо ва Ҳукумзода Бахтовар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *