Ҷаҳонро дар соли 2021 чӣ интизор аст?
Соли 2020 дар таърихи ҷаҳон абадан сабт хоҳад гашт, зеро он соли имтиҳони ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳон буд. Соле буд, ки ғайриинтизор башарият бо марг даст ба гиребон шуд. Соле буд, ки давлатҳо дарвозаҳоро ба рӯйи ҳамдигар бастанд. Соле буд, ки иқтисоди ҷаҳон бесобиқа дучори буҳрон шуд. Соле буд, ки сиёсати ҷаҳон дучори чолишҳои ҷиддӣ гардид…
Дар арафаи Соли нави мелодӣ, аксарият ба як суол посух меҷӯянд: Соли 2021 чӣ гуна сол хоҳад буд? Моро дар соли бақар чӣ интизор аст?
Чанд пешгӯйиро мо манзури шумо мегардонем.
Сиёсати норавшан
Ҳар сол Институти байналмилалии тадқиқоти стратегии Лондон (IISS, МИСИ) тамоюли асосии геополитикиро таҳлил мекунад ва ҳоло ин институт сиёсати ҷаҳониро дар соли 2021 таҳлил намуда, вобаста ба он чанд пешгуйӣ низ кардааст. Ба гуфти мутахассисони институт, дурнамои муносибати байни давлатҳо норавшананд: коронавирус ҷаҳонро чаппаю роста кард ва муноқишаҳои ҷиддии байнидавлатӣ ҳанӯз ҳам идома доранд. Баъзеҳо, дар ин тадқиқот пешгӯӣ мекунанд, ки метавонад, танишҳо афзоиш ёбанд. Сарфи назар аз он ки пандемияи коронавирус дар соли 2020 мушкилоти дигарро рӯи кор овард, тавре ки дар тадқиқот омадааст, нигаронӣ, пеш аз ҳама аз афзоиши танишҳо байни қудратҳои ҷаҳонӣ ба миён омадааст. Муносибатҳои Амрикову Чин аз бадтарин замонҳо аз солҳои 60-ум ва Русия ва ИМА аз солҳои 80-ум мегузаранд. Вазъияти байни Чину Ҳиндустон ҳамчунон хатарнок аст, ки дар соли 1975 буд. Пас аз чаҳор соли раёсати Доналд Трамп, бори аввал пас аз поёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар равобити Аврупо ва ИМА танишҳо ба назар мерасанд. Бо ба қудрат расидани Ҷо Байден дар Иёлоти Муттаҳида, муносибатҳои Аврупо ва Амрико бояд дубора беҳтар шаванд, ҳадди ақал фазои онҳо. “Дар мавриди муносибатҳои дигар қудратҳои ҷаҳонӣ, низ хушбинӣ дида намешавад” гузориш медиҳад IISS. Авантюризми ҳокимони авторитарӣ низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, Озарбойҷон ва Туркия бар зидди Арманистон, Русия бар зидди Украина ва ғайра танишҳоеанд, ки дар соли нав ҳам идома хоҳанд ёфт .
Дар гузашта ИМА аз афзоиши бисёр муноқишаҳо пешгирӣ мекард, аммо дар соли нав бо вуҷуди сари қударт омадани Байден, ин рисолатро на ҳамеша иҷро карда метавонад. Ғайр аз ин, Иёлоти Муттаҳида сустии худро дар мубориза бо пандемия фош кард. Дар навбати худ, Чин абарқудрат шуда истодааст, аммо ба фарқ аз Амрико, натавонист иттифоқчиҳои қавӣ ёбад. » Роҳи нави абрешим”-ро бисёр кишварҳо на ҳамчун пешниҳоди шарикии одилона, балки ҳамчун кӯшиши афзоиши нуфуз дар ҷаҳон мефаҳманд. Тавре дар тадқиқот гуфта мешавад, «Муқовимати қудратҳои ҷаҳонӣ бори вазнин барои ҷаҳон аст.» Дарёфт кардани роҳҳои ҳалли муноқишаҳои кунунӣ ба мисли равишҳои маъмулӣ дар мубориза бо тағирёбии иқлим ё пандемия душвор аст. Соли 2021 эҳтимол танишҳои геополитикӣ боз ҳам шадидтар шаванд.
Дипломатияи ваксина ё иқтисоди рӯ ба рукуд
Журнали инглисзабони The Economist дар мақолаи пешазсолинавии худ менависад: “Барқарорсозии иқтисодӣ дар давраи пандемия душвор хоҳад буд. Зеро ҳукуматҳо аз дастгирии ширкатҳо ба кумак ба одамони аз кор маҳрумшуда мегузаранд”. Ба навиштаи журнал, тафовут байни ширкатҳои қавӣ ва заиф афзоиш хоҳад ёфт. “ Умед накунед, ки Байден ба ҷанги тиҷорӣ бо Чин хотима медиҳад. Баръакс, вай мехоҳад бо иттифоқчиён робита барқарор кунад, то ин корро самараноктар ба роҳ монад”- мегӯяд, муаллифи мақола. Кишварҳо аз Африқо то Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд, то ҳангоми афзоиши ташаннуҷ аз интихоби ягон тараф ҷилавгирӣ кунанд. Дар соли 2020, пандемия тарзи нави муносибат, конфронси видеоӣ ва таълими фосилавиро маъмулӣ кард ва суръат бахшид. Дар соли 2021, маълум хоҳад шуд, ки ин тарзи муносибат то куҷо боқӣ хоҳанд монд. Ин танҳо як мисоли он аст, ки чӣ гуна соли оянда метавонад аз бисёр ҷиҳатҳо ба соли равон монанд бошад. Бозиҳои олимпӣ, Намоишгоҳи Дубай ва бисёр дигар чорабиниҳои сиёсӣ, варзишӣ ва тиҷоратӣ, ки ба солҳои минбаъада гузошта мешаванд, на ҳама аз лиҳози иқтисодӣ муваффақ мешаванд. Аммо мубориза байни ширкатҳои истеҳсолкунандаи ваксиани зиддивирусӣ меафзояд . Акнун диққат аз талошҳои қаҳрамонона барои таҳияи ин ваксинаҳо ба тақсимоти онҳо мегузарад. Дипломатияи ваксина ҷангҳоро байни ширкатҳои дохили кишварҳои истеҳсолкунанда ва байни ширкатҳои фаромиллӣ афзоиш медиҳад. Дар маҷмӯъ, иқтисодиёти ҷаҳон рӯ ба рукуд наорад ҳам, аммо пешравии назаррасе дида намешавад, менависад журнал.
Экстрасенс соли 2021-ро душвор мегӯяд
Замон Сипотаев, яке аз он экстрасенсҳое буд, ки пайдошавӣ ва паҳншавии коронавирусро дар соли 2020 пешгӯӣ кард. Ӯ вобаста ба соли нави дар пеш истода чунин мегуяд: “Ҳар сол дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, алахусус дар Instagram, пешгӯиҳои худро менависам. Қаблан ман дар бораи як бемории нав дар миқёси ҷаҳон навишта будам, ки он коронавирус будааст. Дар соли 2021, вазъи ҷаҳон хеле муташанниҷ хоҳад буд. Даргириҳои низомӣ байни кишварҳо ва офатҳои бузурги табиӣ ба амал моянд. Ман онро охири дунё меномам. Аммо на ҳама чиз ин қадар рӯҳафтодакунанда аст, балки бо қуввати муҳаббат пешгирии ин ҳодисаҳо имкон дорад. Инсоният сайёраро на танҳо бо партовҳо ифлос менамояд, балки бо фикрҳои манфии худ низ онро ҷазир мекунад ва ин ба ҳама таъсири манфӣ мерасонад. Агар мо ҳоло ба амал сар накунем, ин ҷаҳонро аз даст медиҳем. Давраи нави энергетика аллакай фаро расидааст ва ҳама бояд тафаккури худро нав кунанд. Мутаассифона, пешгӯиҳои ман, ба мисли пандемия, амалӣ шуд. Ман «мутаассифона» мегӯям, зеро сол ба сол пешгӯиҳо ториктар ва ториктар мешаванд. Аммо маҳз дар соли 2021, вақте ки торикӣ торафт амиқтар мешавад, инсоният имкони тағйир додани самтро ба сӯи роҳи рушд ва нур пайдо хоҳад кард ё не…”
Абдумудассир АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ