Ҷабрдидагони “инқилоби навбатӣ” дар Бишкек, 600 захмию як мурда
Тавре хабар дода мешавад,дар беморхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Бишкек 40 нафар ҷабрдида ва ду нафар дар реаниматсия қарор доранд.Дар беморхонаи шаҳрии рақами 1 ду нафар, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, бистарӣгаштаанд.
Дар беморхонаи минтақавии Чуй ҳафт нафар ҷабрдида ва дар Маркази миллии ҷарроҳӣ низ ҳафт нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҳастанд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар маҷмӯъ 600 нафар ҷароҳат бардоштаанду як нафар ҳалок шудааст. Як гурӯҳ афроди номаълум ба худи табибон низ ҳамла карданд.
«Ҳамла ба ду бригадаи ёрии таъҷилӣ сабт карда шуд, шишаҳои мошинҳоро шикастанд, як фельдшер аз сараш захмӣ шуд. Қаблан се мошинро шикаста буданд, танҳо ҳудуди шаш мошин мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтанд ”, — гуфтанд дар дафтари матбуотии шаҳрдории шаҳр.
Инчунин, яке аз пешвоёни ҳизби Ота Мекен, депутат Жанар Акаев аз пояш захмӣ шудааст. Узви ҳизби ӯ Элдар Абакиров низ бо норинҷак аз чанд ҷои рӯяш захмӣ шудааст.
Дар Карокул, чаҳорумин шаҳри бузурги Қирғизистон, як гурӯҳ тазоҳургарон низ ба кӯчаҳои марказӣ баромаданд. Ба онҳо намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Иссиқкӯл Балбак Тулобоев муроҷиат кард. Эътирозгарон аз ӯ хоҳиш карданд, ки «бо мардум бошад» ва сипас ба чанд мошин нишаста ба Бишкек равон шуданд, то эътирозро дастгирӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ