Ҷайҳун: REX маҳсулоти Савлатмоҳро ба хориҷа мебарад

Дар вилояти Хатлон 3 нафар соҳибкорзан соҳиби сертификати байналмилалии REX буда, имкони содироти маҳсулоташонро ба Аврупо доранд.

Яке аз онҳо Савлатмоҳ Файзова — роҳбари ҶДММ «Савлати Маҳмуд» дар ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Ӯ имсол корхонаи консервабарории ноҳияро, ки солиёни зиёд аз фаъолият бозмонда буд, дубора барқарор намуда, дар қатори занҳои хонашин, ҳамзамон, мутахассисони маҳаллиро ба кор даъват кард.

Сокини ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун Мухриддин Иброгимов то солҳои 90-уми асри гузашта дар корхонаи консервабарории ноҳия бо ҳамроҳии ҳамсараш ба ҳайси технолог кор мекарданд. Вақте корхона аз фаъолият бозмонд, Мухриддин ба хотири таъмини хонавода азми муҳоҷират мекунад ва 17 соли охир дар мулки мардум кор карда, рӯзгори хонаводаашро пеш мебурд.

“Ман тоза аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаам. Собиқаи 18-солаи кори технологӣ дар корхонаи консервабарорӣ дорам. Аз даъвати эшон ба ин коргоҳ, ки дар назди хонаам аст, хеле шод шудам. Тақрибан як ҳафта мешавад, ки бо кумаки собиқ ҳамкасбон, тариқи суҳбатҳои телефонӣ таҷҳизотро ба кор дароварда истодаем. Чунки ин дастгоҳҳо аз пештара каме бо системаи кориашон тафовут доранд. Ба хотири роҳ надодан ба хатоӣ дар истеҳсолот, ҳоло афшура ва шарбати меваҳоро таҷриба карда истодаем. Дар сурати пурра ба кор даромани корхона аз муҳоҷират даст кашида, фаъолиятамро инҷо идома хоҳам дод”,- иброз дошт амаки Мухриддин.

Чанд соли охир Савлатмоҳ занҳои бешуғлро ҳар мавсим бо кор ва музди меҳнат дар хона таъмин менамуд. Ин гуруҳ занҳо дар як шабонарӯз то 500 донна консерва маҳкам мекарданд.

Бино ба иттилои менеҷери корхона Ҷамшед Шарифов, моҳи марти соли ҷорӣ “Лоиҳаи рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” ба маблағи беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ дастгоҳҳои наву замонавиро барои коркард ва банду басти меваю сабзавот ба корхона туҳфа намуд. Шуруъ аз моҳи июл корхона пурра ба кор медарояд ва дар сурати бо маҳсулоти хом таъмин шудан, имкони дар як шабонарӯз истеҳсоли 10 ҳазор дона зарфҳои консерваро дорад.

Дар ҳоли ҳозир, масъулин аз боғи корхона ва боғҳои атрофи он меваҳои зардолу, олуча ва олуи сиёҳро ҷамъ оварда, шарбату афшураро бо талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ дар дастгоҳҳои нав ҳамчун таҷриба маҳкам карда истодаанд.

Ҷамшед Шарифов гуфт, ки барои зиёд намудани номгӯи маҳсулоти консервагӣ таҷрибаи истифодаи пиёзи анзурро низ ба роҳ мондаанд. “Айни ҳол дар корхона наздик ба 1 тонна пиёзи анзурро аз ноҳияҳои куҳӣ харидорӣ кардаем. Ин сабзавот бениҳоят нозук аст. Онро муддати 40 рӯз дар намакоб нигоҳ медорем ва ҳамарӯза ду маротиба оби онро иваз мекунем. Танҳо пас аз як моҳу даҳ рӯз аз он маҳсулоти консерва омода кардан лозим”,- илова намуд Ҷ. Шарифов.

Ба гуфтаи масъулин, дар сардхонаи корхона имкони захираи 600 тонна маҳсулотро доранд. Масъулин мегӯянд, ки ин мавсим метавонанд 100-ҳо нафарро ҳамчун корманди кироя барои ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ба кор ҷалб намоянд.

Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти корхонаи коркард ва басту банди меваю сабзавоти ҶДММ “Савлати Маҳмуд” дорои сертификати байналмилалии REX буда, маҳсулоташ дар бозорҳои Аврупо озодона ба фурӯш бароварда мешавад.

Бибирокия АБДУЛЛОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *