Ҷалолиддин Машарипов рақами 7-ро иваз кард
— Ҳамлагари ӯзбекистонии “Ал-Наср” Ҷалолиддин Машарипов нахост рақами ҳафтро ба ҳамлагар Криштиану Роналду диҳад,- хабар медиҳад 9sportpro.
Президенти бошгоҳи «Ан-Наср»-и Арабистони Саудӣ Мусалӣ Ал-Муаммар дар бораи вокуниши нимҳимоятгар Ҷалолиддин Машарипов ба ин далел, ки бо омадани Криштиану Роналду рақами ҳафтум, ки қаблан зери он бозӣ мекард, ба португалиҳо дода шуд, нақл кард.
Ба гуфтаи Ал-Муаммар, ин рақам пас аз интиқоли нокоми Машарипов ба тими «Ал-Аҳли»-и Миср дар равзанаи интиқоли тобистона холӣ шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овоза паҳн шуд, ки нимҳимоятгари ӯзбекистонӣ намехоҳад рақамашро аз даст диҳад.
— Дар аввал мо ҳама чизро мувофиқа кардем, вале дар лаҳзаи охир Машарипов ногаҳон пурсид, ки оё дар даста монда метавонад ё не? Аммо куртаи рақами 7 аллакай барои як бозигари дигар маҳфуз буд, аз ин рӯ, ӯ бо камоли майл куртаи рақами 77-ро гирифт,- мегӯяд vi.nl аз қавли Ал-Муаммар.
“Ал-Наср” ҳафтаи гузашта аз имзои шартнома бо Роналду хабар дод. Ба иттилои расонаҳо, шартнома бо ҳамлагари 37-сола барои 2,5 сол пешбинӣ шудааст.
Ҷалолиддин Кодомбоевич Машарипов футболбози ӯзбек, нимҳимоятгари бошгоҳи «Ан-Наср» ва тими миллии Ӯзбекистон, шогирди академияи футболи «Пахтакор» мебошад. То соли 2013 дар ҳайати ҷавонони «Пахтакор» бозӣ кардааст. Соли 2013 дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон буд ва дар чаҳор бозӣ ширкат кардааст. Соли 2017 ба дастаи «Локомотив»-и Тошканд ба иҷора дода шуд.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ