Ҷамолиддин Абдуллозода мавлуд дорад. Ӯ кист?

Имрӯз, 9- уми декабр яке аз вазирони пуркор – Ҷамолиддин Абдуллозода, ки дар давраи ҳассоси пандемияи коронавирус вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъйин гардид,  ба синни 55-солагӣ расид.

Тавре номбурда дар як суҳбати ихтисосӣ бо Pressa.tj гуфта буд, ӯ оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. Ҳамсараш Ҷамила Афзалова, духтур, номзади илми тиб аст. Ду духтараш Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардаанд. як писараш донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва духтари дигараш дар мактаби миён мехонанд.       

Ҷамолиддин Абдуллозода тавонист бо тадбирҳое, ки дар доираи дастурҳои Созмони байналмилалии тандурустӣ сурат гирифт, паҳншавии бемории короновирусро пешгирӣ ва роҳҳои табобати дурусти онро ба роҳ монад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки вазир шабонарӯз сари кор буд ва аз роҳбарони бемористонҳои кишвар аз соати 12 то 3-и  шаб  online ҳисобот мепурсид. Ҳоло ҳам шабона бештари вақти худро дар дафтари корӣ мегузаронад ва бъзан бидуни огоҳӣ   фаъолияти  муассисаҳои тандурустиро санҷиш мекунад.  

Бояд гуфт, ки соли гузашта ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миёни хонандагон пурсиш гузаронида буд ва респондентони рейтинги шахсиятҳои соли Тоҷикистон вазири солро дар симои Ҷамолиддин Абдуллозода — вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон диданд. Мувофиқи пурсишнома 93% пурсидашудагон Ҷамолиддин Абдуллозодаро «Вазири сол» интихоб намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода 9-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Данғара  ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро  соли 1989 онро хатм намудааст. Аз соли 1989 то соли 1990 ба ҳайси   интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1992-1998 ҳамчун табиб-ординатори шуъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Солҳои 1998-2008 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ва солҳои 2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст. Солҳои 2002-2004 ба ҳайси ассисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2008-2014 ҳамчун профессори кафедраи мазкур, инчунин, ба ҳайси мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2014 дар вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ кор кардааст.

Дорандаи унвони илмии доктори илмҳои тиб, профессор аст.

Бо Медали Шафқат (соли 2009), Унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

Аз 17-уми марти соли 2017 то 5-уми майи соли 2020 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми майи соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj Ҷамолиддин Абдуллозодаро бо ҷашни мавлуд муборакбод гуфта, хоҳони муваффақиятҳои беназир дар корҳои ояндааш ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *