Ҷаримаи 35 нафар дар Бохтар. Миёни онҳо роҳбарон ҳам ҳастанд
Дар шаҳри Бохтар 35 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муҳити зист ҷарима карда шуданд. Дар миёни ҷаримашудаҳо шахсони масъул ҳам ҳастанд.
Шамсиддин Халилзода, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон 35 нафар барои вайрон кардани муҳити зист ҷарима баста шуданд.
Ӯ мегӯяд, дар миёни шахсоне, ки ҷарима карда шуданд, роҳбарони корхонаҳо ҳам ҳастанд. Ба таъкиди вай, роҳбари КФД “Таъмиру истифодабарии иншооти манзилӣ”, муҳандиси техникӣ ва роҳбари хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар барои саривақт накашонидани партов ҷарима карда шуданд.
Ҳамчунин, чанде аз раисони кумитаҳои маҳалла барои хунукназарӣ ҷарима шуданд.
“Дар чор ҳолат 3 ҳазору 100 сомонӣ зарар ба муҳити зист ошкор карда шуд. Ҷаримаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошад, наздик ба 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,-афзуд манбаъ.
Ба хотири тозагии шаҳри Бохтар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 15 маротиба аксияи тозагии маҳал ва ёздаҳ маротиба аксияи тозагии соҳил гузаронида шуд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ