Ҷасади Меҳрафрӯзро баъди панҷ моҳ ёфтанд. ЯК ПОЯШ НЕСТ! (видео)

Нолаи як зани деҳотие, ки зебосанамаш қурбони нафси шаҳвонӣ гашта буд, ба минбари ҳақ расид. Мақомоти прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷинояткорро пайдо карданд. Минбаъд тарозуи адолат дар дасти мақомоти судист.  

Меҳрафрӯзи ман зеби зиндагӣ доштӣ, ҷони оча. Гумон надоштам, ки худам туро зери хок мемонам. Зеби хонаам, духтари гулам… Ман туро панҷ моҳ кофтам, дар ба дари суду прокуратура  гаштам. Аммо устухонҳоятро ёфтам. Чашмони зебоят нестанд, ваҳшиҳо хӯрдаанд…

Ин оҳу нола ва фиғони модаре аст, ки духтари якаву ягонаашро аз даст додааст. Меҳрафрӯзи 19- сола, рӯзи 4-уми апрели соли равон баъди иштирок дар озмуни “Сайри гули лола” ғайб зад. Пас аз панҷ моҳи кофтуков, ӯро пайдо карданд, вале… фақат устухонҳояшро… Ҷасади ин гулдухтари ормониро аз ғори лагери Гулхани дараи Харангон пайдо карданд. Ҷасадеро ёфтанд, ки шинохтанаш ғайриимкон, устухонҳояш пора-пора ва як куртаи даридаву кордзада дошт.  

Ман гунаҳкорам

Гулхумор Раҷабова, модари Меҳрафрӯзи марҳум рӯзи ҳодисаро чунин нақл мекунад:

-Духтарам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯ буд ва боз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 — и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайси лаборант ҳамроҳам кор мекард, бори зиндагиро дукаса мекашидем. Директори мактаб гуфт, ки бояд даҳ корманд ва даҳ талаба ба озмуни «Сайри гули лола» раванд, Меҳрафрӯз ҳам дар рӯйхат буд. Духтарам гуфт, ки намеравам, лек ман бошам, маҷбур кардам, ки равад, то аз директори мактаб гап нашунавем. Ҳамин тавр, либоси зебои чаканашро ба бар карда, рафту дигар барнагашт…

Дар истгоҳ дидамаш

«Тули ҳафт моҳе, ки Меҳрафрӯзи Холмирзо ҳамроҳи мо кор мекард, духтари оромтабиату вазнин буданд. Санаи 4 апрели соли 2020 озмуни “Сайри гули лола” бояд баргузор мегардид.

Омӯзгорон ва хонандагон ба он ҷо даъват шуда буданд ва ман низ ҳамроҳи хонандагон будам. Нисфирӯзӣ модари Меҳрафрӯз занг заданд, ки духтари ман наомадааст. Аммо баъди ба итмом расидани озмун, Меҳрафрӯзро дар истгоҳ дида будам ва фикр кардам, ки ба хонаашон меравад, вале…», — мегӯяд Беҳрӯз Мирзоев, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69.

Ҳамроҳони Меҳрафрӯз мегӯянд, ки ӯ аз истгоҳ автобуси №4-ро савор шуду ба тарафи хонаашон рафт, аммо баъди вай чӣ шуд ва ба куҷо рафт, ҳеҷ кас намедонад.

Мавҷи телефон дар лагери Гулхан

Холаи Гулхумор мегӯяд, ки баъди нопадид гардидани Меҳрафрӯз ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардам, ба ҳама ҷо ариза навиштам, лек аз духтарам ягон хату хабар набуд. “Ҳама ҷоро мекофтам, телефонаш хомӯш буд, ба воситаи спутник сигналашро аз лагери “Гулхан” пайдо кардем. Ҳама хурсанд шудем, ки Меҳрафрӯзро пайдо кардем. Вақте бародарам ба он ҷо рафт, Муҳайё, посбони лагер бародарамро иҷозати вуруд надодааст. Бародараш Тиллоро  ҷеғ задааст. Ӯ ҳам омада, удостоверение худро нишон дода, худро майор муаррифӣ кардааст ва нагузоштааст, ки онҳо ба лагер дароянд. Дар охир мурдаи духтарамро аз ҳамон ҷо пайдо кардем”, — гирён мегӯяд, модар.

Духтарат фоҳиша шудааст

Вақте ба мақомоти қудратӣ муроҷиат мекардам, ҳатто шарм ҳам медоданд, мегуфтанд, ки духтари ту дум гирифта рафтааст, фоҳиша шудааст, ба Россия рафтааст… Мардум чӣ гапҳое дар ҳаққи духтарам нагуфтанд. Барои пайдо шудани Меҳрафрӯз дар кӯчаҳо аксашро мечаспондам, лек кадоме онро канда мепартофт. Боре писари апаам занг зада гуфт, ки мавҷи телефони Меҳрафрӯз дар назди хонаатон аст, вақте баромадам, ду писарро дидам, дигар ҳеҷ кас набуд.

Кушта ба ғор партофтаанд

Рӯзу шаб кӯча ба кӯча мегаштам, талу тепаҳоро хабар мегирифтам, дар ба дари мақомотҳо мегаштам, ки ягон хабар шуд ё не, вале ҳеҷ кас ба додам намерасид. Тафтиши қазияи Меҳрафрӯз танҳо замоне аз ҷой ҷунбид, ки тафтиши онро Умедҷони Нуриддин, писари бародари Президенти кишвар Нуриддин Раҳмон ба уҳда гирифт. Қотили духтарро тавассути таъқиби телефони Меҳрафрӯз пайдо кардаанд ва ӯ сипас ба муфаттишон иқрор кардааст, ки духтарро кушта, дар як ғор дар Харангон партофтааст.

Айни замон ду нафар гумонбар Саъдӣ ва Донёр аз деҳаҳои Деҳнавак ва Дашти хорзор дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Қатли дастҷамъона

Тавре модари Меҳрафрӯзи марҳум мегӯяд, ҳамон рӯз баъди аз автобус фаромадан, Меҳрафрӯз ба таксии деҳаашон савор мешавад ва таксисти худобехабар духтарро беҳуш карда, ба лагери “Гулхан” мебарад. Ҳамроҳаш қад ба қад мегирад, баъд буғӣ карда мекушад ва ба ғор мепартояд. Инҳо дар ҳамдастӣ соли 2017 ҳам як духтаракро дар ҳамон лагер ба қатл расонида, ба даруни ҳамон ғор партофта будаанд ва баробари ҷасади Меҳрафрӯз мурдаи он духтаракро ҳам пайдо кардаанд.

Гузориши пурраро инҷо бинед

Холаи Гулхумор бар он ақида аст, ки Саъдӣ ин коро танҳо накардааст. Ӯ мегӯяд, ки вақте бародарам Саъдиро дидааст, ӯ як ҷавони ноҷуръати хароб будааст ва аз дасташ ин кор ба танҳоӣ намеояд. Ин кори дастаҷамъона аст.

Лагери Гулхан таҳқиқ шавад

Гулумор Раҷабова пешниҳод дорад, ки кор ро аз болои лагери “Гулхан” сахт ба роҳ монанд: “Он ҷо ба як макони ифлос табдил ёфтааст.  Ман худам фаҳмидам, ки мардҳои пулдор духтарҳоро ба зӯрӣ ва ё бо хоҳиши худашон оварда, ба посбон пул медодаанд ва ӯ онҳоро дар ҳуҷраҳои махсус ҷой мекардаанд. Шахсияти Тилло ном нафаре ҳам ошкор карда шавад ва ба ҷавобгари кашанд, агар ӯ монеъ намешуд, ин вақт ман мурдаи духтарамро ба хок месупоридам, но он ки устухонҳояшро”.

Қотилонро паронед!

“Зиндагӣ кардан бароям маънӣ надорад. Духтарам нест, арӯси хонадонам нест. Барои пайдо кардани духтарам аз бонк қарз гирифтам, аз ин пеш Меҳрафрӯз барои таҳсилаш низ аз бонк қарз гирифта буд, ҳаминро супорам, то духтарам бароҳат дар қабр хоб кунад. Аз ғами Меҳрафрӯз бемор шудам, намедонам чӣ қадари дигар умр дорам. Писарам аз шунидани ин хабару марги апааш ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст. Собиқ раиси деҳа бошад, замини пушти хонаамро фурӯхт ва акнун соҳиби он замин аз набудани ману сарсониҳоям ним метр ба заминам гузашта, девор кардааст. Дар пушти терезаам низ девор кардааст ва ҳатто тирезаи хонаамро ба берун кушода наметавонам. Чаро ин мардум ин қадар золим шудаанд? Чаро ҳаққи бечорагонро мехӯранд? Аз  Суди Олӣ ва хоҳиш менамоям, ки қотилони духтараки ормониамро баробари гуноҳашон  ҷазо диҳанд, то ин қалби озору ғамдидаам каме таскин ёбад” – мегӯяд, ин модари зор.

Бахтовар Сафаров,

Душанбе-Варзоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *