Ҷасади писарбачаи 13-сола аз Канали Ҳисор пайдо шуд
25-уми апрел дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади як сокини 13-солаи деҳаи Оҳангарони ҷамоати деҳои Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисорро пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, ин ноболиғ рӯзи 22-юми апрели соли равон дар “Канали калони Ҳисор” ғарқ шуда буд. Наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро 7 километр поинтар аз макони ҳодиса пайдо карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ муроҷиат кардааст, ки бо кӯдакону наврасон корҳои таблиғотӣ баранд ва барояшон хатарҳои танҳо рафтан ба соҳили каналу ҷӯй ва дарёву баҳрҳоро фаҳмонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ