Ҷавонтарин профессор. Муовини нави ректори ДМТ кист?

Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор дар мувофиқа бо Ҳукумати ҶТ иҷрокунандаи вазифаи муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ таъйин шуд. Ӯро роҳбарияти донишгоҳ яке аз ҷавонтарин докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор муаррифӣ мекунанд.

Илёс Ғаффорзода то ин дам дар вазифаи директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа менамуд.

Сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илёс Ғаффорзодаро чунин муаррифӣ кардааст:

Ғаффорзода И. Ғ. 8-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2009 шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Ғаффорзода И. Ғ. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ (2009-2013), муаллими калони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2013-2015), дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2015), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2014-2015), мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ (2015-2019), аз соли 2019 директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ғаффорзода И. Ғ. солҳои 2010-2013 аспиранти кафедраи ҳуқуқи граждании ДМТ ва солҳои 2013-2015 магистратураи ДМТ-ро бо ихтисоси молия ва қарз (иқтисодчӣ) хатм намудааст.

Ғаффорзода И. Ғ. соли 2014 рисолаи номзадияшро дар мавзуи «Табиати ҳуқуқии шартномаҳои муаллифӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2021 рисолаи докторияшро дар мавзуи “Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти сивилистӣ” ҳимоя намудааст.

Хизматҳои шоистаи олими ҷавон Ғаффорзода И. Ғ. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ (2018), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), Ифтихорномаи ДМТ ва бо сипосномаю раҳматнома ва медалҳои ҷашнии чанде аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ қадр гардидаанд.

Ғаффорзода И. Ғ. яке аз ҷавонони масъулиятшинос ва ҷӯянда буда, дар робита ба мавзуҳои илмияш таҳқиқоти арзишманде ба сомон расонида, пашуҳишҳояш дар 7 монография, зиёда аз 20 дастури таълимию методӣ ва беш аз 90 интишороти илмӣ инъикос гардидаанд. Инчунин, бо мақсади иштирок дар конференсияҳои илмӣ ва иҷрои корҳои илмӣ, ҳамзамон, ҷиҳати рушд бахшидани фаъолияти корӣ ба чанде аз давлатҳо, аз ҷумла ба Россия, Олмон, Австрия, Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Фаронса ва Англия сафар намудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *