Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!!!
Юсуф Раҷабов, ки дар миёни хонаводаи Раҷабовҳо бо номи Бобоҷон хитоб мешуд, даргузашт. Ӯ 32 сол дошт.
Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон аз марги додараш Юсуф Раҷабов дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.
“Бобоҷони апа, додари апа, сӯхтам барои ту, ҷону ҷигаракам. Аллоҳи меҳрубон ҷоята ҷаннат гардонад, ҷони апа”, — навиштааст Таҳмина Раҷабова.
Бобоҷон ҳамагӣ 32 сол дошт ва наздикон сабаби маргашро ба коронавирус вобаст медонанд. Чӣ дарди вазнину чӣ тири сӯзоне ба қалби модари муштипар.Худованд ба хонавода ва махсусан ба модари Юсуфҷон сабри ҷамил ато фармояд.
Оид ба иллати даргузашти Юсуф, Таҳмина Раҷабова чизе нанавиштааст, аммо як узви оилаи Раҷабовҳо ба Sputnik Тоҷикистон изҳор доштаст, ки марҳум гирифтори коронавирус буд. Бархе аз корбарон зимни изҳори ҳамдардӣ ба аъзои хонаводаи Раҷабовҳо дар шарҳҳо изҳор доштаанд, ки “Худо ин вабои асрро аз сари башарият дур гардонад.
Таҳмина Раҷабоваи 39-сола, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар Русия қарор дошту баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар карантин қарор дошт, гуфта буд, ки ӯ ва бархе аъзои оилааш ин бемориро паси сар карданд.
Раҷабова соли гузашта гуфта буд, ки аъзои хонавода бемориро сабук гузаронданд, аз ҷумла модари 63-солааш низ ин бемориро паси сар кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ