Ҷинпин ба Байден роҳ нишон дод (аудио)
— Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар мулоқоташ ба президенти ИМА Ҷо Байден аз зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо гуфт,- хабар дод РИА «Новости».
Ба иттилои манбаъ, Ҷинпин ва Байден зимни ин мулоқот, ки дар ҳошияи ҳамоиши сарони бистгонаи бузург — G20 дар Бали баргузор шуд, муносиботи ду кишвар ва вазъи ҷаҳониро баррасӣ намудаанд.
Ҷинпин бо таъкиди зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо афзудааст, ки танҳо дар ин сурат метавон бо умеду эътимод суботи ҷаҳониро таҳким бахшид.
«Инсоният бо чолишҳои бесобиқа рӯ ба рӯ аст, ҷаҳон дар чорроҳа қарор дорад ва ба куҷо рафтан лозим аст, ин саволест, ки на танҳо мо, балки тамоми кишварҳо сари он фикр мекунанд»,- гуфт Ҷинпин.
Ба таъкиди ӯ, ҷаҳон интизор аст, ки Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои худро дуруст идора мекунанд. «Маҳз ба ҳамин далел мулоқоти мо мавриди таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст»,- изҳор дошт Ҷинпин дар хитоб ба Байден.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ