Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва натиҷаҳои он
Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бо пирўзии дастаи мунтахаби Аргентина дар яке аз ҷолибтарин финалҳо дар таърихи 92-солаи ин мусобиқа ба анҷом расид. Дар бозии ҳалкунанда Аргентина бар барандаи Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2018 дастаи Фаронса (3:3; аз рўи пеналтӣ — 4:2) ғолиб омад.
Тими Аргентина қаҳрамони ҷаҳон шуд
Аргентиниҳо бозиро назорат карда, ба шарофати голҳои Лионел Месси (дақиқаи 23, аз пеналтӣ) ва Анхел Ди Мария (36-ум) пеш баромаданд, дар ҳоле ки фаронсавиҳо танҳо пас аз дақиқаи 70-ум вориди бозӣ шуданд. Бо вуҷуди он, ки то нимаи дуюм тақрибан 20 дақиқа монда буд, яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон, ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе кори худашро кард. Дар дақиқаи 80-ум ҷаримаи 11-метраро ба самар расонд ва пас аз як дақиқа аз партофти Маркус Тюрам голи дуюмро зад.
Дар қисми иловагии якум дастаҳо гол зада натавонистанд. Боз ҳам Мессӣ буд, ки дар дақиқаи 108-ум гол зад. Пас аз 10 дақиқа ба фаронсавиҳо боз муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд — голи сеюмро дар финал Мбаппе ба самар расонд, ки аз пеналтӣ буд.
Дар зарбаҳои пеналтӣ аз тими миллии Аргентина Месси, Пауло Дибала, Леандро Паредес ва Гонсало Монтиел гол заданд, аз фаронсавиҳо Мбаппе ва Коло Муани ба ҳадаф расиданд.
Дастаи мунтахаби Аргентина бори сеюм барандаи Ҷоми Ҷаҳонӣ шуд. Қаблан аргентиниҳо дар солҳои 1978 ва 1986 ғолиби ин мусобиқа шуда буданд. Дастаи Фаронса дар солҳои 1998 ва 2018 ду маротиба қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Пеш аз оғози мусобиқот Месси эълом дошт, ки Ҷоми Ҷаҳонии Қатар охирин чемпионати ў хоҳад буд. Баъдан сармураббии аргентиниҳо Лионел Скалони дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бозии ниҳоии чемпионат барои Месси дар ҳайати тими миллӣ охирин бозӣ хоҳад буд. Аммо, пас аз пирўзӣ, барандаи ҳафткаратаи «Тўби тиллоӣ» аз идеяи хатми фаъолияти худ дар тими миллӣ даст кашид.
Месси ва рекордҳои муҳими ў
Дар лаҳзаҳои бозӣ ситораи асосии Ҷоми Ҷаҳонии гузашта Месси буд, ки беҳтарин бозигари мусобиқот эътироф шуд ва ў бори дуюм ин ҷоизаро гирифт — қаблан дар Чемпионати ҷаҳон-2014 сарафроз шуда буд, ки баъдан Аргентина дар финал аз тими Олмон (0:1) шикаст хўрд.
Чанд рекорди муҳими футбол ба бозии боэътимоди аргентинӣ илова карда шуданд. Вай аз руи шумораи бозиҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон рекорд гузошт, баъди вохӯрии хотимавӣ Мессии 35-сола 26 бозӣ дошт. Қаблан ин рекорд ба қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1990 олмонӣ Лотар Маттеус тааллуқ дошт. Ҳарду бозигар дар панҷ чемпионати ҷаҳон ширкат карданд.
Месси инчунин беҳтарин нишонзани тими миллии Аргентина дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон гардид, рекорди қаблӣ ба Габриэл Батистута (10 гол) тааллуқ дошт. Аз рўи шумораи голҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон, Месси аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Пеле пеш гузашт.
Мбаппе беҳтарин нишонзани Ҷоми Ҷаҳон шуд
Дар Ҷоми Ҷаҳон Килиан Мбаппе ҳашт гол зада, беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд ва аз Месси бо як гол пеш гузашт. Голи сеюми Мбаппе дар финал 172-юм дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар буд. Қаблан дар ягон мусобиқа зиёда аз 171 гол ба самар нарасидааст (чунин нишондод дар солҳои 1998 ва 2014 сабт шуда буд).
Ба шарофати хет-трик дар бозии ниҳоӣ, фаронсавӣ бо чор гол дар таърихи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол беҳтарин нишонзан гардид. Мбаппеи 23-сола, ки айни замон яке аз муваффақтарин футболбозони ҷавон аст, рекорди Пелеро шикаст: дар бозии ҳаштякфиналӣ фаронсавӣ ду гол зад ва ба ин васила аввалин шуд.
Ноумедиҳои Ҷоми Ҷаҳон
Як ноумедии ин мусобиқот тими миллии Белжик бо «насли тиллоӣ», аз ҷумлаи Эден Азар, Кевин Де Брюйне, Ромелу Лукаку ва Тибо Куртуа буд. Дар чемпионатҳои пешин ин даста натиҷаҳои хуб нишон дод: дар Бразилия ба чорякфинал баромад ва дар Русия соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Сарвони Белжик Де Брюйне пеш аз бозии даври дуюм бо Марокаш (0:2) гуфт, ки тими ў барои пирўзӣ дар ин мусобиқот шонс надорад, зеро онҳо «хеле пир» шудаанд. Пас аз ин мағлубият дар расонаҳо иттилоъ пайдо шуд, ки дар тамрини тими миллии Белжик занозанӣ рух додааст. Дар натиҷа, Белжик дар гуруҳи “F” аз тимҳои миллии Марокаш ва Крувоси шикаст хўрда, дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Пас аз бозии даври сеюми марҳилаи гуруҳӣ бо Крувоси (0:0) сармураббии Белжик Роберто Мартинес истеъфои худро аз мақом эълон кард. Ў аз соли 2016 инҷониб дастаро раҳбарӣ мекард.
20 соли азобу дарди Бразилия
Умеди мухлисон ва тими Бразилия бароварда нашуд. Ҳанўз қабл аз бозии аввал дар ин мусобиқот ҳамлагари даста Неймар аксеро нашр карда буд, ки дар нишони тими миллии Бразилия ба ҷои панҷ ситора шаш ситора тасвир шуда, ғолиби Ҷоми Ҷаҳониро пешгўӣ карда буд. Бразилиҳо дар гуруҳи G, ки дар он бо тимҳои Суис, Камерун ва Сербистон бозӣ мекарданд, ҷои аввалро гирифтанд. Неймар дар ду бозии охирини марҳилаи гуруҳӣ бар асари захм иштирок накард. Дар ҳаштякфинал Бразил бар Куриёи Ҷанубӣ (4:1) ғолиб омад, аммо дар чорякфинал аз Крувоси шикаст хўрд (1:1; пеналтӣ — 2:4) — баъди голи Неймар дар вақти иловагӣ даста бармаҳал истироҳат карда, ба ҳариф имкон дод, ки дар дақиқаи 117-ум ҳисобро баробар кунад. Баъди шикаст дар даври чорякфинал сармураббии Бразилия Тите аз истеъфои худ хабар дод.
Нотавонии Криштиану Роналду
Ғолиби панҷкаратаи «Тўби тиллоӣ», португалӣ Криштиану Роналду як Ҷоми Ҷаҳонии норавшанро аз сар гузаронд, ки мухлисон аз лаҳзаҳои бозӣ дида бештар ўро бо даъвову нофаҳимҳо ёдовар хоҳанд шуд. Ҳатто пеш аз оғози мусобиқа, Роналду як мусоҳибаи ҷанҷолбарангез дод ва дар он изҳор дошт, ки сармураббии «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хагро эҳтиром намекунад. Норозигии Роналду аз он низ баён шуд, ки ў ҷои худро ҳамчун бозигари асосӣ дар «МЮ» аз даст дод. 22-юми ноябр — пас аз ду рўзи оғози Ҷоми Ҷаҳонӣ — бошгоҳи инглисӣ аз қатъи шартнома бо ҳамлагар хабар дод.
Ин ҳодисаҳо барои гузоштани рекорди Роналду монеъ нашуд. Вай аввалин футболбозе гардид, ки дар панҷ Ҷоми Ҷаҳонии футбол гол зад — ҳамлагар дар бозии даври аввали марҳилаи гуруҳӣ бо тими Ғано (3:2) гол зад. Бо ин ҳадафҳои Роналду барои тими миллии Португалия дар чемпионати ҷаҳон ба охир расид ва худи футболбоз дар мусобиқа ягон бозии пурра нагузаронд.
Сармураббии Португалия Фернанду Сантуш Роналдуро барои бозии ҳаштякфинал бо Суис (6:1) дар захира гузошт. Дар 14 соли охир футболбоз бори аввал ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби кишвар дар бозии мусобиқаи бузург шомил нашуд. Бори охир чунин ҳолат дар Чемпионати Аврупо-2008 рух дода буд, ки португалиҳо дар сабқати гуруҳӣ аз Суис шикаст хўрданд (0:2) ва Роналду тамоми бозиро дар курсии эҳтиётӣ гузаронд. Дар бозии нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ-2022 футболбоз дар нимаи дуюм ба майдон баромад ва бидуни гол онро ба охир расонд. Сармураббии Португалия аз сўи хонаводаи Роналду интиқод шуд.
Маълум шуд, ки боз ҳам португалиҳоро шикастан мумкин аст, дастаи мунтахаби Марокаш ин корро дар чорякфинал анҷом дод. Марокашиҳо бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Роналду боз дар захира монд, вале дар дақиқаи 51-ум, вақте даста ба шикаст мувоҷеҳ буд, вориди майдон шуд. Бо вуҷуди ин, ў натавонист ба дастаи худ ёрӣ расонад.
Шикасти Португалия дар даври чорякниҳоӣ Роналдуро нороҳат кард, ў бо ашк майдонро тарк кард. Дар ҳоли ҳозир футболбози 37-сола аз тарки тими миллии кишвар хабар надодааст.
Дастаи истисноии Марокаш
Дастаи миллии Марокаш бо баромади худ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ ҳамаро ба ҳайрат овард. Даста дар гуруҳи F дар баробари Крувоси, Белжик ва Канада ҷойгир шуда буд ва ба назар чунин менамуд, ки шонси ба плей-офф роҳ ёфтанро надошт. Марокашиҳо дар даври аввал бо Крувоси мусовӣ (0:0) карда, баъдан бар Белжик (2:0) ва канадагиҳо (2:1) пирўз шуда, дар гуруҳ мақоми аввалро касб карданд.
Дар марҳилаи ҳаштякфинал Марокаш испаниҳоро бе душворӣ мағлуб кард, вақти асосӣ ва изофӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт, дар зарбаҳои пеналтӣ даста бо ҳисоби 3:0 пирўз шуд. Дар бозии чоякфинал марокашиҳо бар Португалия пирўз шуданд (1:0). Қобили зикр аст, ки пирўзиҳои тими африқоӣ дар вохўриҳо бо фаворитҳо — Белжик, Испания ва Португалия боиси аз мақом рафтани мураббиёни ин дастаҳо гардид.
Марокаш аввалин дастаи африқоӣ шуд, ки ба даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Қаблан аз ин қора ҳамагӣ се даста ба чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд — тимҳои Камерун (1990), Сенегал (2002) ва Ғано (2010). Пеш аз ин, беҳтарин натиҷаи дастаи Марокаш дар ҷоми ҷаҳон ба ҳаштякфинал баромадан дар соли 1986 буд, ки дар ин марҳила марокашиҳо аз тими Олмон (0:1) шикаст хўрданд. Бо вуҷуди интизориҳои зиёди мухлисон, Марокаш дар даври нимниҳоӣ аз Фаронса (0:2) шикаст хўрд ва баъдан дар бозӣ барои ҷойи сеюм аз Крувоси (1:2) ноком шуд.
Ғайриинтизориҳо низ буданд
Дар байни бозиҳои ғайричашмдошт ва ғайриинтизори мухлисон бозии дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Куриёи Ҷанубиро қайд бояд кард. Ҷопониҳо дар гуруҳи «Е», ки Испания, Олмон ва Коста-Рика низ буданд, ғолиб омаданд. Гузашта аз ин, ин намояндаи Осиё тавонист Олмону Испанияро бо ҳисоби якхелаи 2:1 шикаст диҳад. Аммо дар ҳаштякфинал ҷопониҳо дар бозии душвор аз барандагони медалҳои биринҷии оянда — крувосиҳо мағлуб шуданд (1:1; 1:3 — пеналтӣ).
Куриёи Ҷанубӣ дар гуруҳи «H», ки Португалия, Уругвай ва Ғано низ буданд, дуюм шуд. Ба Куриёи Ҷанубӣ пас аз пирўзӣ бар Португалия дар бозии охири гуруҳӣ (2:1) муяссар шуд, ки роҳхати плей-оффро таъмин кунад. Куриёи Ҷанубӣ барои аввалин бор аз соли 2010 ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.
Қатар ба FIFA пули бештар овард
Дар рўзҳои аввали мусобиқа омори ҳозирин саволҳоро ба вуҷуд овард. Масалан, эълон шуда буд, ки дар бозии аввали ин мусобиқот — бозии дастаҳои мунтахаби Эквадор ва Қатар 67 ҳазору 372 тамошобин ҳузур дошт, дар ҳоле ки ғунҷоиши эълоншудаи варзишгоҳи “Ал-Байт”, ки дар он бозӣ баргузор шуд, 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Чунин вазъият дар дигар вохўрихо дар оғози мусобиқа низ рўй дод.
Дар Қатар дар маҷмуъ 3 миллиону 404 ҳазору 252 мухлис ҳузур доштанд. Ба ҳисоби миёна ҳар бозиро 53191 кас тамошо кардаанд. Аз ҳама бештар се бозӣ дар варзишгоҳи Лусаил буд. Бозии марҳилаи гуруҳӣ Аргентина — Мексика (2:0), нимниҳоӣ Аргентина — Крувоси (3:0) ва финали мусобиқаи Аргентина — Фаронса (3:3; зарбаҳои пеналтӣ — 4:2) толори пуршуда доштанд.
Ҷоми Ҷаҳонӣ дар Қатар яке аз се чемпионати аз ҳама сердаромадтарин дар таърихи ин мусобиқа аст. Даромади FIFA аз Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар аз даромади ин мусобиқа дар Русия 1 миллиард доллар бештар будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ