Ҷузъиёти зинда шудани пиразан дар мурдахона (морг) аз забони ҷиянаш

Ҷияни як сокини вилояти Курск, ки холааш дар маргхона (морг) зинда шуда буд, ҷузъиёташро нақл кард.

Ӯ шарҳ дод, ки панҷшанбеи гузашта холаи худро, ки дарди меъда дошт ва нафақахӯр буд, ба нуқтаи тиббӣ бурд. «Пеш аз ин, ӯ бемор набуд ва танҳо, зонуҳояш дард мекарданд. Дар аввал, духтурон ташхис гузарониданд, аҳволаш хуб буд, аммо бегоҳ ҳолаш бадтар шуд ва онҳо қарор карданд, ки ӯро ҷарроҳӣ кунанд «- гуфтааст ин зан ба » Московский комсомолец «. Пас аз ҷарроҳӣ ба ҷияни ӯ мегуянд, ки ҳолати зан вазнин аст. Реаниматологҳо кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо бенатиҷа. Рӯзи дигар, зан аз ҷарроҳоне, ки беморро ҷарроҳӣ карда буданд, хабари марги холаашро мешунавад. Баъдтар мегуянд, ки “не, холаат дубора зинда шуд” Вақте, ки зан ба бемористон меравад, коргари морг ба вай мегӯяд: “Як рӯз пеш, ҷасадро ба маргхона оварданд ва дар дохили он монданд. Вақте ки субҳ дарро кушодам, дидам, ки зан дар замин хобидааст”. Ба гуфти ин корманд, нафақахӯр гӯё якбора аз банди дасти ӯ гирифтааст. Баъдтар табибон ба ӯ ҳақиқатро гуфтаанд, ки гӯё онҳо ҷасадро ба ҷои ду соати дар протокол нишондодашуда пас аз 1 соату 20 дақиқа ба маргхона фиристодаанд. Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Курск таҳқиқотро пас аз гузориш дар ин бора оғоз намудааст, ки чӣ тавр мурда дар маргхона “эҳё” шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *