Бузургмеҳр

1 роҳи фирор аз бемории дил. Мусоҳиба бо кардиолог Бузургмеҳр Раҳматов (видео)

Солҳои охир теъдоди гирифторони бемориҳои қалб дар ҳоли афзоиш аст. Бахусус, шумори нафароне, ки рагҳои дилашон маҳкам шуда, ниёз ба амалиёти стендмонӣ доранд, афзудааст. Доир ба ин мавзуъ суҳбате доштем бо табиби бемориҳои дил Бузургмеҳр Раҳматов.

— Чаро солҳои охир теъдоди гирифторони бемории дил дар ҳоли афзоиш аст?

— Бемории дил аз аввал зиёд буд. Факторҳои зиёде ҳастанд, ки инсон гирифтори бемории дил мешавад. Барои мисол гирифторони бемориҳои диабети қанд, нафароне, ки сигор мекашанд, ғизоҳои носолим мехӯранд ва монанди ин, эҳтимоли бештар гирифтор шудан ба бемории дилро доранд.

— Як навъи маъмули бемориҳои дил маҳкамшавии рагҳои дил мебошад. Киҳо бештар ба ин беморӣ дучор меоянд?

— Маҳкамшавии рагҳои дил низ омилҳои зиёде дорад. Бештар ба синну сол вобастагӣ дорад. Дар нафарони аз 45-50-сола боло он бештар дучор мешавад. Ҳамчунин, нафароне, ки сигор мекашанд, дучори ин беморӣ мешаванд. Ҳамчунин, баландшавии равғаннокии хун, касалии қанд ва ғайра боиси маҳкам шудани рагҳои дил мешавад.

— Роҳи табобати маҳкамшавии рагҳои дил стендмонӣ аст. Қаблан барои стенд мондан ба хориҷи кишвар мерафтанд. Ҳоло дар Тоҷикистон ин амалиёт сурат мегирад. 

— Стендмонӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон дар як муддати кӯтоҳ пешрафт кард. Солҳое, ки мо дар хориҷи кишвар таҷрибаомӯзӣ мекардем, дар дигар давлатҳо ҳам он зиёд пешрафт накарда буд. Барои мисол, соли 2009 дар ҳафт утоқи ҷарроҳӣ мо ба 20-25 нафар стенд мемондем. Алакай дар соли 2015 мо дар як утоқ ба 25 нафар стенд мемондем. Дар Тоҷикистон аз соли 2010 барои стендмонӣ дастгоҳҳо оварда шуданд. Мутахассисон аз хориҷа омада, ба беморон стенд мемонданд, зеро мутахассис набуд. Ҳоло дигар ҳоҷат нест, ки бемор аз ноҳия ҳатто ба пойтахт ояд, зеро дар саросари кишвар имрӯз мутахассисон стенд мемонанд.

— Стенд чист? Чӣ вазифаро иҷро мекунад?

— Стенд — ин метали махсусест, ки организм метавонад онро қабул намояд. Вақте ки раги хунгард танг мешавад, вай худ аз худ кушода намешавад. Вақте стендро ба раги хунгард мегузаронед, рагҳо кушода мешаванд ва саломатии бемор барқарор мегардад. Соли 2009 як беморро дар шаҳри Маскав ташхис кардем, ки 20 сол қабл стенд гузошта буд. Он замон чунин амалиётҳо ангуштшумор буданд. Стендҳои имрӯза бамаротиб беҳтар ҳастанд ва доруи махсусе доранд, то ки онро организм нағз қабул кунад.

— Одамоне, ки стенд мемонанд, умрашон чанд сол дароз мешавад?

— Чанд вақт пеш оморро бардоштем. Ба бемороне, ки дар муддати даҳ сол пас аз он ки танг шудани рагҳои дилашонро ташхис муайян кардааст, се навъи табобат таъйин кардаанд — стенд, ҷарроҳӣ ва табобати доругӣ. Маълум шуд, ки бемороне, ки стенд мондаанд, камтар фавтидаанд. Теъдоди фавт дар давоми 10 сол ба 14% омада расид. Онҳое, ки табобати доругӣ гирифтаанд, қариб 60% фавтидаанд. Бинобар ин, тиби муосир стендмониро тавсия медиҳад. 

— Нархи стенд хеле гарон аст. Чаро?

— Сабаби гаронӣ он аст, ки ҳама маҳсулот ва таҷҳизоте, ки дар стендмонӣ истифода мешавад, аз хориҷа меояд. Дар Тоҷикистон истеҳсол намешаванд. Вале ман боварӣ дорам, ки дар оянда Тоҷикистон ҳам стенд истеҳсол хоҳад кард.

— Ба Тоҷикистон аз кадом давлатҳо стенд ворид мешавад ва шумо бештар истеҳсоли кадом кишварро ба беморонатон тавсия медиҳед?

— Ҳоло аз бисёр давлатҳо стенд ворид мешавад, вале мо бештар истеҳсоли Амрико, Олмон ва Италияро тавсия медиҳем.

— Чанд сол боз дар ин самт фаъолият мекунед?

— Зиёда аз 15 сол.   

Шумо гуфтед, ки дар хориҷи кишвар таҷриба андӯхтаед…

— Он вақт мо маҷбур будем, ки аз Тоҷикистон берун бароем. Зеро дар Тоҷикистон мутахассисон набуданд. Аслан банда дар ибтидо ба шаҳри Москва барои кардиолог шудан рафтам, вале пешравиҳои ин соҳаро дида, самти фаъолиятамро тағйир додам. Тӯли панҷ сол дар он ҷо ва баъдан дар Беларусу Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷриба гирифтам. Вале имрӯз зарур нест, ки ҷавонон барои омӯзиш ба хориҷи кишвар бароянд. Потенсиали худамон барои омода кардани шогирдон мерасад. Ҳоло дар маркази бемориҳои дил 10-12 шогирдро омода мекунем.

Барои пешгирии бемории дил чӣ бояд кард?

— Тарзи ҳаёти солимро бояд риоя кард.

— Тарзи ҳаёти солим чист?

— Кам хӯрдан, кам хуфтан ва кам гуфтан.

Мусоҳиб: О. Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *