1-уми август — оғози таҳсил барои хонандагони синфи 1
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки дарс барои хонандагони синфи якум дар Тоҷикистон як моҳ пештар аз оғози соли хониши маъмулӣ, яъне 1-уми август оғоз мешавад. Дар ин бора муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода хабар медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар синфи 1-ум дар Тоҷикистон 1-уми июл оғоз мешавад.
Ба гуфти Назруллозода, феълан дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илм, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:
- варақаи шахсии хонанда;
- ду дона расми се ба чор;
- аризаи волидайн оид ба қабул;
- шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;
- ҳуҷҷати тиббӣ;
- дунусхагӣ шиносномаи волидайн;
- шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- маълумотнома аз ҷой зист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ