100 ҳазор сомонӣ мукофот ба ҷавоне, ки гумонбари ҷиноятро пас аз 6 моҳ ошкор кард

Гумонбари  ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки беш аз 6-моҳ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт гардид.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар  натиҷаи коркард ва санҷиши ахбороти аз ҷониби як нафар шаҳрванд, ки тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ворид гардидааст,  нафари дар ҷустуҷӯбуда муайяну дастгир шудааст.

“Роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ба шахси мусоидаткунанда изҳори сипос намуда, 100-ҳазор сомонӣ мукофот, ки барои ошкорсозии ин ҷиноят эълон гардида буд, ба ҷавони мусоидаткунанда супорида шуд”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Муайян гардидаст, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббор Абдуғафурович, соли таваллудаш 25.07.1999, сокини н.Рӯдакӣ содир намудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан низ ҷиноят содир карда, маҳбасӣ гардидааст. Моҳи феврали соли 2024 низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди н.Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст.

Зимни пурсиш гумонбаршаванда-Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор гардид. Ҳамзамон, бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт.

Гумонбари ҷиноят

Вобаста ба ин, милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки бо милитсия ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ гоҳ бетараф набошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *