Корманди БДА 4 сол зиндонӣ шуд

Баҳром Азаматов, собиқ корманди  раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғд бо гуноҳи «садамаи марговар»  чор сол зиндонӣ шуд. Тавре “Озодӣ” хабар медиҳад, дар ин бора ҳукми  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир гардидааст.

Суд ӯро ба «вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ» ва «аз беэҳтиётӣ дар хатар гузоштан ва боис ба марг шудани ҷарбдида» гунаҳкор донистааст.

Дар асоси ҳукм, Баҳром Азаматов пас аз адои муҳлати ҳабс то се соли дигар наметавонад, ба кор дар идораҳои давлатӣ роҳ дода шавад.

Азаматови 34-сола яке аз кормандони баландмақом дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд фаъолият мекард. Садамае, ки ӯро сабабгораш медонанд, шаби 3-юми октябри соли 2020 дар рӯйи пули Исмоили Сомонӣ, машҳур бо номи «пули кӯҳна»-и шаҳри Хуҷанд рух дод.

Дар ин ҳодиса Акбар Ғаффорзодаи 32-сола, муфаттиши шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҷон дода, Ҷаҳонгир Файзуллоев ва Далер Маҳмудов, сокинони шаҳри Хуҷанд маҷруҳ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *