13 маслиҳати муфид дар боби мевагӣ ва кӯдакон

Меваҳо аз витамину минералҳо ва клетчатка бой ҳастанд, бинобар ин, онҳоро ҳатман ба ғизои кӯдакон дохил кардан лозим аст. Имрӯз мо 8 маслиҳати муфидро дар бораи мевагӣ ва фоидаҳои он ба саломатии кӯдакон манзури шумо месозем:

1.  Меваҳо аз витаминҳои гурӯҳи А, В, С бой буда, дар баробари ин,  йод, синк, селен, оҳан, фосфор, натрий, калсий, магний ва дигар моддаҳои муфид доранд, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки ба ҷойи қанду ширинӣ ба фарзандонатон бештар мевагӣ диҳед.

2.  Одамони сарватманд кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандонашон бештар меваҳои хориҷӣ харидорӣ намоянд, вале ин чандон амали оқилона нест. Маслиҳати мо ба шумо он аст, ки меваҳоро мутобиқ ба мавсим харидорӣ намуда, бештар ба меваҳои ватанӣ бартарӣ диҳед. Якум: Меваҳои ватанӣ тару тоза ҳастанд ва хатари бемор шудани кӯдакон баъди истеъмоли мева камтар аст. Дуюм: Барои он ки ба зудӣ вайрон нашаванд, ба меваҳои хориҷӣ маводҳои зиёди кимиёвӣ мепошанд, ки метавонад боиси заҳролудшавӣ гардад. Сеюм: Организми кӯдакон меваҳои ватаниро хубтар қабул мекунад, зеро ба ин меваҳо одат доранд.

3.  Танҳо себ ё шафтолу хӯрдан кифоя нест, кӯшиш кунед, ки ба кӯдакони худ меваҳои гуногун диҳед, то ки организмашон тамоми маводҳои муфидро гирифта тавонад.

4.  Дар ёд дошта бошед, ки бо дандон газида хӯрдани мева ба кӯдакон фоида дошта, решаи дандонҳоро мустаҳкам месозад ва вораҳои дандонро бо витаминҳои зарурӣ таъмин менамояд.

5.  Аслан хӯрдани меваҳои тару тоза барои кӯдакон бештар фоида дорад, вале барои рангорангӣ шумо метавонед ҳафтае 1-2 маротиба аз намудҳои гуногуни мева компот тайёр кунед ё аз мевагӣ ҳар хел шириниҳо пухта, ба фарзандонатон диҳед.

6.  Аз байни меваҳои хориҷӣ грейпфрут аз ҳама фоиданоктар аст, зеро дар таркиби он ба миқдори зиёд витамини С, равғанҳои эфирӣ, минералҳо, клетчатка ва фитонсидҳо мавҷуд буда, дар мубориза бо бактерияҳои гуногун ёрӣ мерасонад ва кори узвҳои ҳозимаро ба низом медарорад. Ин меваро ҳатман ба ғизои кӯдаконе, ки ба касалиҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифторанд, дохил кардан лозим аст. Фақат эҳтиёт шавед, ки мева аллергия надиҳад.

7.  Дар як рӯз ба ҳар як кӯдакатон ҳеҷ набошад як донагӣ себ диҳед. Себ аз витаминҳои С ва В бой буда, ҳамчунин оҳан, калий, антиоксидантҳо, пектин ва клетчатка дорад. Истеъмоли себ барои аз организми кӯдак баровардани моддаҳои заҳрнок ва поксозии ҷисм ёрӣ мерасонад. Иштиҳоро мекушояд. Асабро ором карда, хоби орому бароҳати кӯдакону наврасонро таъмин менамояд. Себро пӯст ва пора накарда, ба кӯдак додан беҳтар аст.

8.  Лимӯ дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар ҷойи аввал меистад, бинобар ин, ҳатман ба кӯдакон онро додан лозим аст. Азбаски лимӯ аз ҳад турш аст, ба волидон маслиҳат дода мешавад, ки ба кӯдакони хурдсолашон ба ҷойи лимӯ лимӯчойи бо шакар ширинкардашуда диҳанд. Лиму иммунитети кӯдакро пурқувват намуда, дар мубориза бо бемориҳояи сироятии вирусӣ ва бактериалӣ на камтар аз антибиотикҳо кӯмак мерасонад.

9.  Тамоми кӯдакон бананро дӯст медоранд. Ин мева ба саломатии кӯдакон фоидаҳои зиёде дорад, вале ба кӯдакони фарбеҳ дар як рӯз аз 1 дона бештар банан додан мумкин нест, зеро он меваи хеле серғизо буда, боиси ба зудӣ вазни зиёд гирифтан мегардад.

10.  Дар фарзандатон нишонаҳои аввалини зукомро пай бурда бошед, ҳатман афлесун диҳед, зеро ин мева аз антиоксидантҳо бой буда, дар фаровардани табби кӯдак ва мубориза бо беморӣ ёрӣ мерасонад. Метавонед ба кӯдак афлесун ё афшура-соки онро диҳед. Фақат дар ёд дошта бошед, ки шарбат-соки афлесун хусусиятҳои фоидабахши худро баъди ҷабидан танҳо 30 дақиқа нигоҳ медорад, ғайр аз ин, клетчатка дар таркиби худи мева, нисбат ба шарбати он бештар аст.

11.   Фарзанди шумо вазни зиёдатӣ дошта бошад, бештар ба ӯ ананас диҳед. Дар таркиби ананас моддаҳои зиёди муфид мавҷуданд. Аз ҷумла он як моддаи махсусе дорад, ки бромелин ном дорад. Ин модда метоболизми организмро вусъат бахшида, равғанҳои баданро об мекунад ва барои халос шудан аз вазни зиёдатӣ ёрӣ мерасонад.

12.   Кӯдаки шумо аз бехобӣ азият кашад, ба ӯ мандарин диҳед. Мандарин кори дилу рагҳои хунгарди онро беҳтар намуда, асаби кӯдакро ором месозад. Ин мева барои халосӣ аз дипрессия ва бехобӣ ёрӣ мерасонад ва ҳамзамон системаи муҳфизатии организм-иммунитети кӯдакро пурқувват месозад.

13.   Кӯдаконе, ки биноии чашмонашон камтар аст, бояд ҳарарӯза хурмо хӯранд. Хурмо аз витаминҳои гурӯҳи А. С ва Р бой буда, дар таркибаш йод ва оҳан низ дорад. Ин мева нури чашмро равшан гардонида, кори системаи асаби кӯдакро фаъол месозад, бар замми ин, ба бемории чоғар фоида дорад. Хурморо ба кӯдакони аз 3- сола поён додан мумкин нест, чунки боиси гирифтагии рӯдаҳо гашта метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *