13 муштзани Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд
Аз 30-юми апрел то 14-уми май дар шаҳри Тошканди Ўзбекистон Чемпионати ҷаҳонии бокс байни мардон доир мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 13 муштзан намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 кишвар номнавис шудаанд. Сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг, Меҳроб Ҳамидов дар вазни то 51 кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни то 54 кг, Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кг, Расул Аҳадов дар вазни то 67 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71 кг, Некрўз Салимов дар вазни то 75 кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80 кг, Парвиз Каримов дар вазни то 86 кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг шомиланд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов, мураббиён Хуршед Ҷўраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.
Сармояи умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳонии бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллар дарёфт хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ