14 ҳодисаҳои нохуш ва ҷон бохтани 7 нафар дар Хатлон

Дар ёздаҳ моҳи соли равон, дар вилояти Хатлон 7 нафар дар ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот фавтидаанд. Ҳамчунин, 9 каси дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд.

Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар 14 ҳолати ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот 9 нафар ҷароҳат бардошта, 7 нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.

Ӯ мегӯяд, дар натиҷаи хулосаи мутахассисони хадамот зиёда аз 518 ҳазору 650 сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ таъин гардидааст.

«Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот миёни шахсони масъул ва кормандон суҳбату вохуриҳо гузаронида истодаем. Мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд карфармо ва кормандоне, ки ба бехатарӣ ҷиддӣ аҳамият намедиҳанд. Яке аз сабабҳои асосии сарзадани нохуши дар истеҳсолот ин аҳамит надодан ба бехатарии корманд аст»,-гуфт номбурда.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *