Беҳтарин мудирони САҲШ дар Хатлон муайян шуданд
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатии “Беҳтарин мудир”, “Беҳтарин бойгонӣ”, “Беҳтарин ҳусни хат”, “Беҳтарин суханвар”, “Беҳтарин хизматрасон” ва “Беҳтарин котиби ҷамоат” ҷамъбаст гардид.
Ин озмун бо ибтикори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон миёни шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудааст. Аз Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки мақсад аз баргузории озмун, баланд бардоштани сатҳи донишу масъулияти кормандони шуъбаҳои САҲШ ва котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошад.
Дар бахши “Беҳтарин мудир” ду ҷойи аввал насиби мудири САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ ва мудири САҲШ-и ноҳияи Восеъ гардидааст. Беҳтарин котиб насиби ҷамотаи деҳоти Дӯконии шаҳри Норак ва ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардидааст.
Ҳамчунин, “Беҳтарин ҳусни хат” насиби нозир-коргузори шуъбаи САҲШ-шаҳри Бохтар ва мудири САШҲ-и ноҳияи Балҷувон гардидааст. Беҳтарин бойгонӣ бошад, корманди бойгонии САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ва мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Ёвон ҳисобида шудаднд.
Номинатсияи “Беҳтарин суханвар”-ро мутахассиси пештабари шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Фархор гирифтанд.
Бехтарин хизматрасон мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва корманди бойгонии шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Панҷ дониста шуданд.
Ба ғолибони даври вилоятии озмунӣ ҷумҳуриявии мазкур ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гирдид.
Машраби Аловидддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ