1,5 миллион. Русия бо Артиши бузург чӣ мекунад?
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти марбут ба ислоҳоти артиш бо иштироки муовинон ва фармондеҳонаш гуфт, ки теъдоди неруҳои ин кишвар бояд дар давоми се сол ба якуним миллион нафар расонида шавад.
Тибқи маълумоти ахир, шумори неруҳои Русия дар ҳоли ҳозир ҳудуди як миллион нафарро ташкил медиҳад. Қариб ду миллион каси дигар дар ҳайати захиравӣ қарор доранд.
Вазорати дифои Русия дар доираи ин ислоҳот нақша дорад, ки дар Карелия як қисми низомӣ ташкил карда, ҳамчунин «ду иттиҳодияи нави стратегии ҳудудии қувваҳои мусаллаҳ — ҳавзаҳои низомии Маскав ва Ленинград»-ро таъсис диҳад.
Қаблан вазири дифои Русия пешниҳод карда буд, ки синни даъват ба артиш боло бурда шавад ва ҷавонони то 30-соларо ба хидмат ҷалб кунанд. Ҳоло ҷавонони аз 18 то 27-соларо дар Русия ба артиш даъват мекунанд ва шумори каме ба хидмат мераванд. Ба далели таҳсил дар мактабҳои олӣ ва имтиёзҳои дигар аксар ҷавонони зери синни 27 муваққатан аз хидмат озоданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ