1600 адад мизу курсӣ Ҳукумати Суғд ба макотиби ноҳияи Мастчоҳ
Бино ба иттилоидафтари матбуоти ҳукумати вилоят ҳудуди 1600 адад мизу курсӣ, ки барои 3200 нафар пешбинӣ шудаанд, бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ироа мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, аллакай 500 адад мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардидаст.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, изҳор доштааст, ки дар навбати аввал муассисаҳои таълимие, ки ба мизу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, аз ин кумак бархӯрдор мешаванд.
«Дар рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар хоҳад омад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимиеро, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин кард», — навиштааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд аз қавли Ализода.
Раиси навтаъйини Мастчоҳ илова намудааст, ки дар давоми соли равон нақша доранд, бо дастгирии соҳибкорон мактабҳоро бо компютер низ таъмин кунанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, дар 47 адад муассисаҳои таълимии фаъолият доштаи ноҳияи Мастчоҳ, 27 ҳазору 899 нафар хонанда бо таҳсил фаро гирифта шудааст, гуфтааст манба ба Sputnik
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Все комментарии