18 имомхатиби масҷид аз вазифа озод шуданд
Дар ҳашт моҳи соли 2024 ба далели иштибоҳ дар фаъолият ва иҷро накардани вазифаҳои корӣ ҳашт имомхатиб ва даҳ муовинашон аз масҷидҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон барканор шуданд.
Бино ба иттилои хабаргузори anhor.uz, чаҳор нафари дигар барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Муфтии Ӯзбекистон Шайх Нуриддин Холиқназар бо ширкати имомхатибони шаҳри Тошканд ҷаласае доир карда, аз фаъолияти бархе аз имомхатибон интиқод кардааст.
Вай гуфтааст, ки баъзе воизон «ба вазифаи аввалиндараҷаи худ ҷиддӣ муносибат намекунанд, барои таъмини эхтиёҷоти диндорон ба қадри кифоя кӯшиш намекунанд, инчунин ба вайрон кардани интизоми корӣ роҳ медиҳанд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ