19-сола 29-соларо дар назди масҷид корд зад
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар назди масҷиди деҳаашон ҷавони 19-солаи сокини ҳамон ҷо, бе ягон асос бо истифода аз корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба пои чапаш задаст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ