1900 сол ҳабси Гулен

  Амрико ӯро ба Туркия медиҳад ё не?

Парвандаи Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии маъруфи турк ва истирдоди ӯ аз Амрико яке аз мавзӯъҳои муҳими расонаҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Амрико ба гуноҳи Гулен далел мехоҳад

«Zaman» — Туркия. Дар иртибот ба ин ва дигар масоили минтақавӣ, аз ҷумла хатари «Давлати исломӣ» Ҷо Байден, ноиби президенти Амрико аз Туркия дидан хоҳад кард.  Аз дафтари раёсатҷумҳурии Туркия иттилоъ медиҳанд, ки  ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 24 август ба Туркия фуруд хоҳад омад. Сафари ӯ дар идомаи танишҳо миёни Анқара ва Ғарб оид ба  кӯшиши нокоми табаддулоти низомии 15 июл сурат мегирад. Сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи 13 август дар Истамбул бо эълони хабари сафари Байден гуфт, дидгоҳи Вошингтон дар масъалаи дархости истирдоди рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гулен беҳтар шудааст. Йилдирим дар ин бора ҷузъиёти дигар надод.

Анқара Фатҳуллоҳ Гулен — яке аз рӯҳониёни маъруфро барои ташкили табаддулот айбдор мекунад ва силсилаи шабакаҳои ӯро террористӣ меномад ва аз Амрико дархост кардааст, ки ӯро ба Туркия бозгардонад.  Вале Вашингтон аз ибтидо барои  даст доштани Гулен дар табаддулот далел мехоҳад, зеро Гулен борҳо даст доштанаш ба ин табаддулоте,  ки 270 нафар куштаву садҳо нафари дигар захмӣ шуданд, рад мекунад.   Туркия баъди кӯшиши табаддулоти ноком амалиёти поксозиро ба роҳ мондааст, ки ҳазорон нафар қурбони он шудаанд.  Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пок кардани ниҳодҳои Туркия аз ҳузури шабакаи Гулен дастур додааст, аммо созмонҳои хориҷӣ ва давлатҳои ҷаҳон ин амали ӯро маҳкум мекунанд. Аз ҷумла Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо чандин бор Туркияро ҳушдор додаанд, ки дар мавриди бархӯрд ба гумонбарони табаддулот зиёдаравӣ накунад ва ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. Аммо Анқара «ду пойро дар як мӯза андохта» Гуленро гунаҳкори қазия ва пайравони ақидаашро душманони давлат мехонад.

Гулен меҳвари сафари Байден

«Озодӣ». Амрико. Сафари ноиби раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден баъд аз кӯшиши табаддулоти 15 июл ба Анқара сурат гирифта, қарор аст масоили гуногуни минтақавиро ба таҳлилу баррасӣ кашад. Қудрат Шаҳидӣ, шореҳи масоили Туркия дар радиои «Фардо» ба «Озодӣ» гуфтааст, ки яке аз муҳимтарин мавзӯъҳое, ки дар рафти сафар матраҳ мешавад, табаддулоти Туркия ва даст доштани Гулен дар он аст.  Туркия мегӯяд, ки чандин аснод ва мадорикро дар мавриди дар табаддулоти 15 июл даст доштан ва онро раҳбарӣ кардани Гулен ба Амрико фиристодааст. Ва мақомоти Амрико ҳам борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳоли баррасии ин аснод ва шоҳидон ҳастанд ва дар мавриди бозгардонидани Фатҳулло Гулен низоми адлияи Амрико тасмим хоҳад гирифт. Ба ғайр аз масъалаи Гулен, ҳамкории байни Амрикову Туркия дар мавриди мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва дар мавриди Сурияву Ироқ низ муҳим аст ва аз мавзӯъҳои меҳварии сафари Ҷо Байден ба Туркия хоҳад буд. Барои   Амрико барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия аз пойгоҳи Инҷирлики Туркия истифода мекунад. Ва Туркия ҳам ба унвони яке аз кишварҳои муҳими узви паймони низомии НАТО эълом карда, ки дар НАТО хоҳад монд ва ба ҳамкориҳои низомиаш бо Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ идома хоҳад дод. Дар марвриди гуфтаи Йилдирим, ки гӯё масъалаи ба Туркия додани Гулен аз ҷониби Амрико беҳтар шудааст, Шаҳидӣ мегӯяд, шояд  Амрико дар мавриди бозгардонидани Фатҳулло Гулен ба Туркия миқдоре нармтар шуда бошад ва ваъдаву вайтҳое ба Туркия дода бошад. Вале низоми давлатӣ ва низоми адлия дар Амрико тавре ҳаст, ки бояд бо таваҷҷуҳ ба қонунгузории он кишвар ва қарордоде, ки байни Туркия ва Амрико бар сари масоили истирдод солҳо пеш имзо шудааст, рафтор бишавад. Давлати Барак Обама наметавонад тасмим бигирад ва бидуни таваҷҷуҳ ба ин қавонин оқои Гуленро ба Туркия бисупорад.

 Худи имрӯз хабар расид, ки мақомоти Туркия барои ҳабси Гулен 1900 соли ҳабс талаб кардааст. Бино ба иттилоъи хабаргузории «АА com»-и Прокуратураи Туркия барои Гулен илова ба 1900 сол 2 млн 210 ҳазор маоши ҳадди ақал ҷарима ситонанд.

Аммо ҳанӯз масъалаи боздошти Гулен ҳамоно норӯшан мемонад. Баъзе коршиносон бар он назаранд, ки Амрико баъди муносибатҳои охире, ки Туркия бо Русия  дошт, ба ҳеҷ ваҷҳе Гуленро ба Туркия намедиҳад. Аммо иддаи дигар бар онанд, ки ҳуҷҷатҳои фиристодаи Анқара муносибати Амрикоро нарм кардааст, ки ноиби президент ба сафари  расмӣ аз Туркия боздид хоҳад кард, яъне Амрико низ нисбат ба Гулен бетараф нест ва эҳтимол ӯро ба Анқара диҳад.

Марги раҳбари ДИИШ дар Хуросон

«Рейтерс» — хабаргузории Британия. Роҳбари қаноти  “Давлати исломӣ” дар Афғонистону Покистон моҳи гузашта дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар марзи ду кишвар кушта шудааст. Дар ин бора як манбаи Амркои ба «Рейтерс» хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ  Ҳофиз Саидхон рӯзи 26 июл дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар ноҳияи Кути вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шуд. Сафири Афғонистон дар Покистон Умар Захилвол ба «Рейтерс» гуфтааст, ки тасдиқи марги Саидхонро аз амнияти афғон дарёфт кардааст.  «Ман метавонам таъйид кунам, ки Ҳофиз Саидхон, раҳбари ДИИШ дар Хуросон (Афғонистон ва Покистон) бо ҳамроҳии шуморе аз фармондеҳон ва ҷангҷӯёни баландпояи худ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин Амрико рӯзи 26 июл дар минтақаи Кути вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шудааст.» — мегӯяд Захилвол.

Ҳофиз Саидхон соли гузашта  ба Абӯбакри Бағдодӣ роҳбари «Давлати Исломӣ» байъат карда, унвони раҳбари “вилояти Хуросон”-ро гирифтааст.  Ин “вилоят” дар харитаи “Давлати исломӣ” Афғонистону Покистон ва қисмате аз кишварҳои дигари ҳамсоя, бо шумули Тоҷикистон ва шарқи Эронро дар бар мегирад.

 «Рейтерз» менависад, ки агар хабари кушта шудани Ҳофиз Саидхон дуруст бошад, як зарбаи сахт ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» аст, ки мехоҳад домани фаъолияти худро дар Афғонистон ва Покистон густариш диҳад. Ҳамчунин, ин дуюмин фард дар байни гурӯҳҳои тундрав дар минтақа хоҳад буд, ки тайи моҳҳои ахир кушта мешавад. Дар моҳи май Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибони Афғонистон дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Покистон кушта шуд.

Соли гузашта низ дар мавриди кушта шудани Ҳофиз Саидхон тавассути неруҳои амниятии Афғонистон нашр шуда буд, аммо ин хабарҳо таъйид нашуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *