2 мушкили Панҷакент. Фиғон аз бебарқӣ ва фирор аз интернети “сангпуштсавор”
Ҳафтаи равон ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бештар сокинони шаҳри Панҷакент ва ё меҳмононе телефон карданд, ки дар ин шаҳр ҳастанд. Шикояткунандаҳоро метавон ба 2 гурӯҳ ҷудо кард: якум, онҳое, ки аз бебарқӣ шиква мекарданд ва дуюм, онҳое, ки аз сустии интернет ба дод омада буданд.
МУШКИЛИ №1
Сокинон то кай дар зулмот мемонанд?
Бо вуҷуди он ки дар кишвар расман “лимит” нест, вале сокинони шаҳри Панҷакент дар ин вақти сол ба барқи доимӣ дастрасӣ надоранд.
Таваҷҷуҳ кунед ба яке аз номаҳо, ки истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба pressa.tj фиристодаанд:
“Аз вақте ки шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакентро ба Истаравшан кӯчониданд, аҳолии Панҷакент рӯзи рӯшноиро надидаанд. Зеро масъулини шабакаҳои барқи Истаравшан тамоми экспериментҳоро бо мо мегузаронанд, хоҳанд, барқ медиҳанд, хоҳанд, ҳаволаат ба Худо мегӯянд.
Масалан дар ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент (ШБ Марғедар) ҳар бегоҳ 3-4 соат барқро хомӯш мекунанд. Ин бегоҳ таъзияе шуд. Барқ нест. Мардум ба шабакаи барқ занг заданд. Намояндаи барқ мегӯяд, ки бо Истаравшан иртибот мегирем, баъд ҷавобашро мегӯем. Ҷавоб наомад. Намояндаи шабакаҳои барқи Истаравшан дар Панҷакент дигар гӯшакро намебардорад.
Ин мушкилӣ бори аввал сар назадааст. “Лимит”-и бенақша ҳамарӯза сокинони Панҷакентро азият медиҳад. Чун ҳар лаҳза дар соати номуайян барқ 3-4 соат қатъ шуда, аз нав меояд, таҷҳизоти техникии сокинон низ корношоям мешавад.
Мо мардуми Панҷакент додамонро ба кӣ гӯем?”.
МУШКИЛИ №2
Интернети “сангпуштсавор” то Панҷакент кай мерасад?
Игор шаҳрванди Русия ва директори яке аз ширкатҳои бонуфузи барномасозӣ аст. Бо яке аз ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, вақтҳои охир зиёд ба кишвари мо меояд. Зимни сафари ахираш ӯ тасмим гирифт, ки ба саёҳати водии Зарафшон биравад…
Чун Игор ширкати барномасозӣ дорад, ӯро мебояд, ки пайваста ба интернет дастрасӣ дошта бошад ва ширкати худро назорат кунад. Вале чун ӯ ба Панҷакент расид, аз интернет ва гӯё аз ҷаҳон канда шуд. Ба Игор гуфтанд, ки дар баъзе аз деҳаҳо (дар ҷамоати Рӯдакиву Лоиқ Шералӣ) мавҷи “Мегафон” суст аст ва ба ӯ тавсия доданд, ки симкорти TCELL бихарад. Ӯ ин корро кард, вале боз ҳамон Аҳмади порина. Дар як минтақаи Панҷакент як ширкат фаъол бошад, ширкати дигар мушкил дорад.
Ҳамин тавр, Игор маҷбур буд, ки бештари вақти сафар ба маркази шаҳри Панҷакент биравад, то ки ба интернет дастрасӣ пайдо кунад.
Игор ягона сайёҳи хориҷӣ нест, ки ба ин мушкил мувоҷеҳ шудааст. Мегӯянд, ки сайёҳон рӯзона ба тамошои Панҷакент омада, шабона ба Самарқанд мераванд, то ба интернет дастрасӣ пайдо кунанд.
Панҷакент шаҳри сайёҳии Тоҷикистон аст. Аз маконҳои таърихӣ ва табиати нотакрори ин диёр ҳамасола ҳазорон сайёҳи хориҷӣ дидан мекунанд. Бинобар ин, ширкатҳои мобилиро мебояд, ки дар мавриди суръати интернет дар ҳудуди шаҳри Панҷакент андеша бикунанд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ