20 ҳазор армании Русия ба ҷанги Қарабоғ рафтанианд

Зиёда аз 20 ҳазор ихтиёриён аз Русия ният доранд, ки ба Қарабоғи Кӯҳӣ аз тарафи Арманистон ба ҷанг ҳамроҳ шаванд. Дар ин бора Президенти Иттиҳоди арманиҳои Русия Ара Абрахамян хабар додааст.

Мақомоти Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар тирборон кардани мавқеъҳои худ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ айбдор карданд ва дар ин замина дар кишварҳои худ вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ карданд.

Абрахамян мақомоти Озарбойҷон ва Туркияро бо он айбдор кард, ки масъалаи Арманистонро мехоҳанд тавассути куштори ҳамаи арманиҳо ҳал кунанд.

Абрахамян инчунин гуфт, ки аз дирӯз 20 ҳазор армании Русия изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамчун ихтиёриён ба Қарабоғ раванд ва дар ин замина зиёда аз ҳазор нафар русҳо ҳам мехоҳанд ба онҳо кумак кунанд.

Ҳоло Иттиҳоди арманиҳои Русия роҳи ба он ҷо фиристодани онҳоро меҷӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *