$ 20 000 барои Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе
19 март, соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад.
Ин мусобиқа бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе сурат мегирад. Дар мусобиқа барои ғолиби ҷойи якум 10 000 доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар, ҷойҳои сеюм 3 000 доллар муқаррар гардидааст. Интизор меравад, ки дар мусобиқа варзишгарони 25 давлати дунё иштирок намоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 варзишгари муваффақ муаррифӣ менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ