2000 тоҷикистонӣ ба хориҷ рафта наметавонад, чаро?
Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон беш аз ду ҳазор шаҳрвандро аз ҳаққи берун рафтан аз кишвар маҳрум кардааст.
Мақомот мегӯянд, ин афрод аз бонкҳо қарздоранд ва ё алименти фарзандони худро напардохтаанд. Дар миёнашон раҳбарони 130 ширкати хусусӣ низ ҳастанд. Дар ин бора хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Тибқи иттилои манбаъ бархе аз шахсони қарздор гуфтанд, ин тасмим роҳи ҳал нест, чун онҳо дар хориҷа кор кардаву пул ба даст меоранд ва иҷозаи берун нарафтан аз кишвар барояшон дардисар хоҳад овард.
Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон ду сол пеш таъсис шудааст ва ба иҷрои қарори додгоҳҳо машғул аст. Як масъули Хадамот бе зикри номаш рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба истилоҳ «мамнуъ-ул-хуруҷ” шудани шахсони қарздор аз соли 2018 дар қонунгузории кишвар ворид шудааст, аммо то ҳол тартиби иҷрои он набуд.
“Рӯйхат дар махзани электронӣ ворид мешавад ва марзбонҳо ва маъмурони Вазорати корҳои дохилӣ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Ин одамон то қарзашонро насупоранд, аз кишвар берун рафта наметавонанд. Мисол, дар фурудгоҳ ё роҳи оҳан ба онҳо иҷозаи сафар намедиҳанд», — шарҳ додааст ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ