Виҷдон. Ё вақте гуфтор дигар асту рафтор дигар

Виҷдон чист? Виҷдон хирад аст, ақлу фаросат аст. Ҳиссиётест, ки дар натиҷаи муқовиматҳои ақлӣ касро ба андеша мебарад ва шахси хушахлоқ масъулият ҳис мекунаду гуфтору кирдори худро дар тарозуи зеҳни худ бармекашад. Ин ҳиссиёти бузург моро водор месозад, ки садоқату вафодориямонро нисбат ба мардум ва Ватан дар амал нишон диҳем.

Инсонҳои нексиришт ҳангоми исботи кору гуфтори хеш «Ба виҷдонам қасам!» мегўянд, вале нафареро мебинӣ, ки дар мавзуи Ватану халқ бо ҳарорат сухан меронад, шеърҳои шиормонанди мутантан менависад, аммо кирдораш ҳеҷ намегузорад, ки ўро бовиҷдон гўем, он гуфтаҳояш беғараз нестанд, тамаллуқу замонасозӣ мекунад.

Аз қонунҳои кишвари худ набояд мо тарсем, балки ин қонунҳоро эҳтиром кунем. Вале дар пеши бевиҷдон қонун ҳеҷ аст. Аз васоити ахбор бохабар мешавем, ки фалон мансабдор маблағи ҳангуфтро бо роҳи ғайриқонунӣ аз худ кардааст ва додвар (судя)-е сарбози сарҳадбонро задааст ва ғайра. Магар он мансабдору довар қонунро намедонанду баҳоҳои дипломашонро харидаанд?

Модоме ки амалдору судя дидаву дониста қонунро вайрон мекунанд, пас аз авом чиро интизор шудан мумкин?

Шиори дабдабаноки «Маърифати ҳуқуқиро баланд мебардорем!», ки дар маҷлисҳо гаштаву баргашта садо медиҳаду дар саҳифаҳои нашрияҳо суханҳои умумӣ дар дохили чорчўба ба нашр мерасанд, ҳамон вақт натиҷаи хуб медиҳанд, ки бо мавзўи мушаххаси пурдалели нишонрас виҷдонро аз хоби ғафлат бедор кунем.

Ман тарбиядидаи мактаби шўравиям, он вақт мо виҷдони пионерӣ ва комсомолӣ доштем. Ин виҷдон шиори хушку холӣ набуд, «Луқмаи ҳалол» баҳри мо ибораи муқаддас буд. Вақте ба боғи колхоз даромадем, себҳои рангоранги дарахтонро дида, оби даҳонамон шорид, вале виҷдонамон нагузошт, ки иҷозати боғбонро нагирифта, даст дароз кунем.

Нафареро гуфтанд: «Чаро лоақал ба зиёрати умра намеравӣ?», даст афшонду чизе нагуфт. Ба ҷои ў нафаре иброз дошт: «Набераи 27-солаи бепадару модараш ҳоло хонадор нашудааст, бо кадом рў ба зиёрат биравад?».

Ба гуфти адиби тавоно Ато Мирхоҷа: «Маоши муаллимро камаш 500 доллар бояд кард, он вақт дар сафи террористу бевиҷдонон рахнаҳо пайдо хоҳад шуд».

Бале, илм дар хурдӣ нақш бар санг аст.

Ҳакималии НАЗАРАЛӢ,

деҳаи Ғуриёт, шаҳри Ҳисор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *