25 миллион доллар барои ваксина
Тоҷикистон барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 аз Бонки Осиёии Рушд 25 миллион доллар грант ё кӯмаки бебозгашт мегирад. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Ба гуфтаи вазир, лоиҳа ваксинаи зидди COVID-19 дар умум 26.8 миллион доллар буда, 25 миллиони онро Бонки Осиёии Рушд ва 1.8 миллионашро ҳукумати Тоҷикистон медиҳад. Дар назар аст, ки бо ин маблағ, 3 миллион воя ваксина ва дигар васоили тиббӣ харидорӣ шавад.
Хариди ваксинаҳо то соли 2023 дар назар аст. Ба ҷуз Бонки Осиёии Рушд, Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои хариди ваксинаи зидди коронавирус беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт гирифтааст.
Вале то имрӯз кишвар аз ягон кишвар ваксинаи зидди COVID-19 харидорӣ накардааст. 492 ҳазор воя ваксинаҳое ки Тоҷикистон аз Ҳиндустон ва Чин ворид кард, ройгон мебошанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, беш аз 200 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.
Вазорати тандурустӣ шаш рӯзи охир омори гирифторон ба КОВИД-19-ро нашр мекунад. Рӯзи 29-уми июн ин Вазорат хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 18 ҳолати сироятёбии сокинон ба коронавирусро сабт кардааст.
Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ