3 ба 3, боздошти тоҷикону қирғизҳо дар марз

Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти шаҳрвандони худ дар қаламравҳои якдигар хабар доданд.

Дар мақомоти интизомии шаҳри Исфара гуфтаанд, ки ҷониби Қирғизистон рӯзи 17-уми май се сокини кишварро ҳангоми рафтан аз Ворух ба Хоҷаи Аъло, дар ҳудуди деҳаи Оқсой, дастгир кардааст.

Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ боздошти се сокини Тоҷикистонро тасдиқ кардааст, вале айни замон гуфтааст,ки ҷониби Тоҷикистон низ се шаҳрванди ин кишварро дастгир намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман хабар надоданд, вале манобеъ дар мақомоти интизомии Исфара боздошти ду ронандаи қирғизро тасдиқ карданд.

Абдукарим Алимбоев гуфтааст,ки ҳоло қазияро таҳқиқ доранд, ки шаҳрвандонро марзбонҳо дастгир кардаанд ва ё мардуми маҳаллӣ.
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта, 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *