30 миллион еврои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 30 миллион евро ҷудо мекунад.

Ин маблағ дар доираи лоиҳаи “Таҳсилот ва тайёрии техникӣ-касбӣ”, инчунин “Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл” амалӣ мегардад.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, аллакай маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст.

Созишномаи мазкурро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Раймундас Кароблис, роҳбари Намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *