Тоҷикстандарт

           аз воридоти бесифати чойи хушки эронӣ, пивои русӣ то оби афғонӣ

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз Гурҷистон 69 тонна ва Афғонистон 5 тонна обҳои ташнагишикани ғайристандартӣ ворид карда шудааст, ки кормандони Агентии Тоҷикстандарт онро аз муомилот ва фурӯш боздоштаанд.

Дар ин бора Ибодулло Қурбониён, директори Агентии Тоҷикстандарт дар ҷамъи хабарнигорон вобаста ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» ибрози андеша кард. «Бештари об ва лимонадҳои ташнагишикани ғайристандартӣ  аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Обҳои аз Афғонистон воридшуда бошад, дар борҷомаашон ба ҷойи 6 моҳ 1солу 6 моҳ нишон дода шудаааст. Мо нисбат ба воридкунандагони ин намуди обҳо ҷаримабандии калон кардем!»- бо хитоб гуфт. И. Қурбониён.

Умуман, бо назардошти пешгирии воридоти маҳсулоти озуқавории бесифат ба бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ миқдори калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузашта ошкор шудааст. Аз ҷумла, дар  нимсолаи аввали соли ҷорӣ намояндагони Тоҷикстандарт дар ҳаҷми 28 ҳазору 677 дал нӯшокиҳои ташнашикан, ки  ба талабот ҷавобгӯ  нест, (1дал=10 литр) аз  фурӯш боздошта,  мусодира кардаанд. Ҳамзамон, дар ин давра ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба микдори 24665 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 28677 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва ғайристандартӣ дониста шудааст. Тибқи тартиби муқарраргардида нисбати соҳибкорони воридкунандаи ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд. Зимни гузаронидани санҷишҳои муштарак дар нуқтаҳои савдо аз тарафи мутахассисони нозироти савдо дар шаҳри Душанбе маҳсулоти оби ҷави навъи “Балтика”, “Сим-сим”, “Золотая бочка”, “Hеineken» бо сабаби муҳлати истеъмолиашон гузаштан ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст.  Масъулини Тоҷикстандарт мегӯянд, ки нӯшокиҳои спиртии воридотӣ ба қаламрави Тоҷикистон асосан аз корхонаҳои истеҳсолии Русия, Фаронса, Британияи Кабир, Латвия, Италия, Руминия, Гурҷистон, Португалия, Мексика, Чили,  оби ҷав аз Русия ва Чехия ворид карда мешавад.

Директори Тоҷикстандарт сару садоҳо дар мавриди манъ шудани маҳсулоти эрониро дар Тоҷикистон беасос хонд.  Ибодуллоҳ Қурбониён дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки танҳо воридоти  маҳсулоти ғайристандартиро иҷоза надоданд. Баъди сару садоҳо ҳатто сафири Эрон дар Тоҷикистон  низ ба онҳо муроҷиат намуда, асли қазияро пурсидааст: «Вақте мо маҳсулоти ғайристандартиро нишон додем, дар ҳайрат монданданд. Намояндаҳои дипломатии Эрон ваъда доданд, ки  ба соҳибкороне  чунин маҳсулотро вориди Тоҷикистон мекунанд, раводид нахоҳанд дод».

Қурбониён мегӯяд,  барои ворид кардани маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ аст, дар Тоҷикистон ягон монеа вуҷуд надорад. Номбурда  аз як ҳолати ошкор гардидани фурӯши чойи хушк, ки  аз Эрон ворид шудааст, ёдовар гардида, он хеле сифати паст дошт ва ҳатто онро чой ҳам гуфта намешавад. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз 664 тона маҳсулоти ғайристандартии истеҳсоли Эрон, ки аслан хӯрока мебошад, пешгирӣ шудааст: «Талабот ҳаст, ки тамоми истеҳсолкунанда ва воридкунандаҳо бояд борҷомаҳои маҳсулоти худро бо забони давлатӣ ва омафаҳм тамғагузорӣ намоянд, аммо ин талабот аз тарафи воридкунандаҳои эронӣ бештари вақт риоя намешавад».
Ибодулло Қурбониён дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин аз зарари “қандакҳои хитоӣ” ба саломатии кӯдакон хабар дода, гуфт: “Бо талоши онҳо дар бозорҳои кишвар ин шириниҳо кам шуд. Тибқи санҷишҳо кафолат медиҳам, ки ин намуди маҳсулот дар бозори истеъмолӣ 100 дарсад ҳам набошад 90 фоиз аз байн рафтааст.

Масъулини Агентии Тоҷикстандарт  бо итминон иброз медорад, ки минбаъд низ бо мутахассисони сохтораш дар бозори истеъмолӣ аз болои соҳибкорон ҳангоми ворид намудани маҳсулоти пастсифат назорати пурзӯр хоҳад бурд.

Усмон  Раҳимзода.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *