34 варзишгар аз Тоҷикистон дар Гран Прии Душанбе ширкат мекунанд

Аз 2 то 4-уми июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Гран Прии Душанбе баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 34 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти «Сайри ҷаҳонии ҷудо»-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

Барои иштирок дар Гран Прии Душанбе то имрўз ҳудуди 300 варзишгар аз 40 кишвар дунё номнавис шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар — 28 мард ва 6 зан дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Инҳо дар байни мардон дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода, -66 кг Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров, Фирўз Мелибойзода, -73 кг Беҳрўз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов, -81 кг Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода, -90 кг Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов, -100 кг Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев, +100 кг Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов, дар байни бонувон дар вазни -48 кг Шукрона Қарчиева, Мадина Қурбонзода, -52 кг Аҳлия Муъминова, -57 кг Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева, -63 кг Мавлуда Одинаева ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *