35 хонандаи вилояти Суғд соҳиби медали тилло ва нуқра шуданд (ном ба ном)
35 нафар хонандагон аз Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ғолиби олимпиадаи байналмилалии «Math Challange-2020» гардиданд. Аз ҷумла, 17 медали тилло (ҷойи 1-ум), 18 медали нуқра (ҷойи дуюм) ба даст оварданд. Имрӯз, 26-ум октябр директори муассиса ғолибонро дар шароити тантанавӣ аз номи кулли омӯзгорон ва хонандагони мактаб муборакбод гуфт.
Тавре аз муассисаи таълимии мазкур хабар доданд, моҳи октябри соли равон дар кишвари Тайланд бо иштироки 1600 нафар довталаб аз 70 кишвари олам Олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид.
«Дар ин олимпиада 35 нафар хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, ки даври интихобии озмунро гузашта, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд, ширкат варзиданд. Даври ниҳоии озмун тариқи онлайн сурат гирифта, дар натиҷа хонандагони муассиса маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, 17 медали тилло (ҷойи1-ум), 18 медали нуқра (ҷойи дуюм) ба даст оварданд”, иттилоъ медиҳад манбаъ.
Аз ҷумла, хонандагони зерин:
- Ғафурзода Анис ва Ҳакимов Шаҳриёр, хонандагони синфи 4-ум соҳиби медали тилло;
- Орзуқулов Муҳаммадсолеҳ, Абдуҷалилов Азимҷон ва Мансурова Нигина, хонандагони синфи 5-ум соҳиби медали тилло;
- Бобоев Фариддун ва Мунири Муҳаммадҷон, хонандагони синфи 6-ум соҳиби медали тилло;
- Юсупов Мансур, хонандаи синфи 7-ум соҳиби медали тилло;
- Сатторов Муҳаммад, Файзуллозода Абдулкарим, Насриддинов Алиҷон ва Искандаров Мунавваршоҳ, хонандагони синфи 9-ум соҳиби медали тилло;
- Иброҳимов Абубакр, Мансуров Амирхон, Зокиров Муҳаммадсурур, Ваҳобзода Шаҳзода, Атобуллоев Темур, хонандагони синфи 10-ум соҳиби медали тилло;
- Изатуллоев Файзулло ва Умаров Умарҷон, хонандагони синфи 5-ум соҳиби медали нуқра;
- Устобоев Субҳон, Абдурофеъ Юсуфӣ, хонандагони синфи 6-ум соҳиби медали нуқра;
- Ҳакимов Ҷамшед, Маҳмудов Мубориз, Савриддинов Муҳаммадазиз, Наимӣ Нулафар, Исмоилова Сабрина, Абдуллозода Шукрулло, Салимзода Алиҷон,
хонандагони синфи 7-ум соҳиби медали нуқра; - Усмонова Заррина, Бобоев Фарҳод, Ҳикматзода Панҷшер, Мирпоччоев Толибҷон, хонандагони синфи 8-ум соҳиби медали нуқра;
- Фарзонаи Сафаралӣ, Мелихонов Мансурхон, хонандагони синфи 9-ум соҳиби медали нуқра;
- Темиров Ҷонибек, хонандаи синфи 11-ум бо медали нуқра сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ сазовор гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ